КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ташхиси судию тиббӣ” вобаста ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб маҷлис баргузор гардид.
Дар маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ташхиси судию тиббӣ” Шарипов Ғолибшо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ ба сухан баромада, қайд намуд, ки як бахши аслии Паёми Сарвари давлат, махсус ба хотири андешидани тадбирҳои лозим ба манзури боло бурдани сатҳу сифати зиндагии сокинон аст.
Дар баромади худ Шарипов Ғолибшо чунин афзуд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли 2018 дар кишвар чун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Тоҷикистон воқеан, ҳам сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ буда, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозгӯи пешрафти ин самт, аз ҷумла ба ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.
Дар охири суҳбат иштирокдорон ваъда доданд, ки дар амалишавии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат мутарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва амалисозии ҳадафҳои олии дар самти пешбинишуда ҷаҳду талош менамоем.