
МУЪМИНОБОД. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ вобаста ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Мактатаб-интернат”, “Боғчаи бачагона”, “Ҷавонон” ва “Ташкилоти хурди бонки Ҳумо” тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуд.
Сокинон дар рафти Паёми имсола аз суханрониҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми самтҳои муҳими хоҷагии халқро дар бар мегирифт, хуб огоҳӣ пайдо карда, ҳамовозии худро ба Паёми навбатӣ изҳор доштанд.