БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕШАРАФӢ ПАСТТАРИН ХУЛҚИ ИНСОНИСТ

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо дар ватани азизамон-Тоҷикистон сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолӣ ҳукмфармо буда, баҳри татбиқи ҳадафҳои неки миллати озодандеши хеш ба сӯи фардо таҳти сиёсати Роҳбари  оқилу ватандӯст ва ваҳдатофари худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гомҳои устувореро ниҳода истодааст.

Мутаасифона, ҳамаи ин пешравиҳоро душманони миллати мо аз хориҷи кишвар дида натавониста, худро дар паси парда пинҳон намуда, дар ҳаққи ин миллату ин давлат туҳмату буҳтонгӯи мекунанд.

Тамошои филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ», ки тариқи шабакаи телевизионӣ намоиш дода шуд, ҳар як бинандаро ба дунёи андеша водор сохт. Намоиши ин филм ҳақиқати сарнавишти талхи Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки аз кору пайкори ин бешараф тамоми мардуми сарбаланди тоҷик огоҳ шуданд. Бо тамошои ин филми мустанад, тамоми табақаи ҷамеа аз пайроҳаи пурпечутоби зиндагӣ, қурбонии дасти хоинон, сиёҳии шармгину покнашаванда, дассисаю маҷаро, худбохтагию бегонапарастӣ, найрангу тақаллуб, разолату хиёнат, бенангию беномусӣ ва ҷаҳолату баҳайсиятии Муҳаммадиқболи Садриддин аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Кас аз тамошову суханрониҳои Муҳаммадиқболи Садриддин пайхас менамояд,ки ӯ ҳам нуқсони рӯҳӣ дораду ҳам ҳасаду нафрати зиёде ба мардуми осоиштаи Тоҷикистон. Дар ҳолати изҳори ақида истифода аз пуштибонии Ислом ва тоату ибодат оҳиста -оҳиста дар охири сухан мардумо ба ташвиқу тарғиби ақидаҳои зиддидавлатӣ даъват менамояд. Аз ин бармеояд, ки ин палиди хоин на он чизеро мехоҳад, ки дини поки Ислом онро пазируфтааст, балки ниятҳои нопоку разилонаашон нисбати ҳар фарди миллат равона мебошад.

Бо исботи зиёде, ки дар филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ" оварда шудааст, бояд ба ҳама онҳое, ки нав ба ин гурӯҳи хоинон пайвастаанду ё мехоҳанд пайванданд, дарси ибрате бошад, ки ба доми чунин шахсиятҳои хоину мазҳабфурӯш ва беиффату бешараф наафтанд. Зеро ин бешараф имрӯзҳо аз мавҷҳои пурталотуми ин ҳама касифӣ роҳи наҷот ёфтанист, вале мафкураи бади ҷаҳолат, дастони ӯро ба ин ҷода раҳнамунсохта, ӯро бештар аз ҳарвақта ба оғӯши ин торикӣ ҳавола мекунад.

Ба Муҳаммадиқболу ҳаммаслаконашон хитоб карда мегӯем, ки ҳамватанони мо низ ба ягон маслиҳату машварати шумоҳо эҳтиёҷ надоранд. Беҳуда худро обу адо накунед. Беҳтараш аз хоҷагони хориҷиатон хоҳиш кунед, то ки барои хизматҳои чандисолаи ҷосусиятон нисбати Тоҷикистон ҳақи шумоҳоро пардохт кунанд. Мо дар зери ливои сулҳу ваҳдат, давлатамонро зери сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин ҳам ободтар  карда,  намегузорем, ки нохалафон бори дигар ба осоиши мо халал ворид кунед.

Салимова Сабоҳат, мудири Шуъбаи кор бо занони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg