БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЁ ТУ ЧУНОН КИ МЕНАМОӢ, ҲАСТӢ?

ВОКУНИШ. Дар ҷомеа афроде ба назар мерасанд,  ки баҳри расидан ба мақсадҳои  дунёии худ аз тамоми  роҳҳо бо иҷрои нақшҳои гуногун  истифода менамоянд, ҳатто аз роҳҳои ғайриинсонӣ дар либоси «диндорон, ғамхорони миллат, наҷотбахшони мушкилот» ва бо ин роҳ мехоҳанд дар ҷомеа  обрӯ ва нуфуз пайдо намоянд. Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз чунин шахсонест , ки дар либоси гург худро гӯсфанд вонамуд  карда,  паси ин либос ба амалҳои зиштарини ҳайвонӣ даст мезанад. Филми мустанади «Бешарафӣ» бори дигар исбот кард, ки Муҳаммадиқболи  Садриддин  як қаллоб, дузд ва бешарафу касиф аст. Тафтишот бо далелҳои раднопазири шоҳидони ҳодисаҳо  беғаразона  пардаро аз рӯи  Беиқболи Садриддин бардоштанд ва нокасии  ӯро ба ҳамагон маълум намуданд. Ҳар бинандаи  ин  филми  мустанад  метавонад ба худ савол диҳад,  ки  чи тавр як шахси  дузд, мардумфиреб метавонад дар пайи ободию созандагии дигарон бошад. Ҳақиқатан  муҳити оила ва тарбияи нодуруст метавонад  таъсири  амиқ ба ояндаи фарзанд гузорад. Муҳаммадиқболи  Садриддин  чун дар як оилаи наҳзатӣ, хурофотпарасту  пастфитрат ба камол расидааст,  роҳи ояндаи ӯро норавшан ва зери суол бурдааст. Зарбаи аввалине, ки  ба рӯҳи ин хонавода таъсир мерасонад аз тарафи падари марҳумаш Садриддинов Қаландар даст задан ба амали ғайриинсонӣ, яъне таҷовуз ба ҳайвон мебошад ва чунин амал ба ҳамагон маълум мегардад онҳоро шармсору рӯй сиёҳ  гардонад. Падараш пас аз озод шудан аз маҳбас  мехоҳад бо сӯйистифода аз дини мубини Ислом ва барои шустани гуноҳаш фарзанди  навраси  худро  барои «таҳсил» ба дасти «мулло Шариф»  месупорад  ва ба ояндаи сиёҳи фарзандаш замима мегузорад.Муҳамадиқболи Садриддин , ки баъдан аз тарафи қумандон Ғулом ба ҳайси як зан истифода  мешавад,  рӯҳшикастаю  дилмонда мегардад. Озорҳои  дидааш боис  мегардад,  ки  бозичаи дасти хоҷагони хориҷиаш гардад ва ин амали нангине, ки   нисбати Муҳаммадиқболи Садриддин анҷом дода мешавад, аз тарафи ташкилоти террористию экстремистии  ҲНИ тарҳрезӣ гардида, барои муттаҳам кардан  ва истифодаи М.Садриддин ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои шуми хоҷагонашон равона мегардад. Барномаҳову дассисаҳое, ки имрӯз аз тарафи М.Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мегарданд,  тасдиқи гуфтаҳои болост.Тавре аз филм маълум шуд, усули ба хоини миллату давлат табдил додани М.Садриддин дар хориҷи кишвар аз тарафи ТТЭ ҲНИ усули бағоят маккорона будааст.Дар аввал аз дини мубини Ислом сӯӣстифода карда,  бо роҳи нодурусти  омӯзонидани ин дини пок аз Муҳаммадиқболи Садриддин   «Мулло» месозанд, сипас  мафкураи  ӯро  барои ватанбадбинӣ омода сохтаанд.Таҳқиру дурӯғҳое, ки нисбати роҳбарияти давлат ва дигар шахсони обрӯманди мамлакат анҷом медиҳад, ғайбате ҷуз нест ва худро дар назди навор нисбат ба Ватану ҳамватанон ғамхор нишон додан хизмат ба хоҷагони хориҷиашон кардан аст.Маълум аст, ки М.Садриддину ҳаммаслаконаш дар хориҷи кишвар аз пуштибонии гурӯҳҳои  манфиатхоҳ, ки нооромиву нокомии Тоҷикистонро мехоҳанд , ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Бо боварии комил метавон гуфт,  хоиноне, ки   имрӯзҳо ба сӯи давлату миллат санги таҳқиру маломат зада истодаанд  барои ҳар як барномаи кардаашон  аз хоҷагонашон  устухоне мегиранд ва набояд фаромӯш созанд, ки рӯзе ин ӯстухон гулугирашон мекунад.Пиру ҷавони мамлакатамонро месазад, ки аз пештара дида ҳушёру зирак бошанд ва донанд, ки таъсису дастгирии чунин  шахсон ва гурӯҳҳо дар хориҷи кишвар бо мақсади заиф сохтани пояҳои Истиқлолияти Тоҷикистон равона шудааст ва ҳамчун фарзандони  баномуси Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ надиҳанд.

Ёров Худойдод, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони    КИ ҲХДТ дар н.Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg