БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ АМАЛИ БЕШАРАФӢ ВА НОБАХШИДАНИСТ

ВОКУНИШ. Тариқи шабакаи телевизионӣ филми ҳуҷҷатиеро бо номи “Бешарафӣ” тамошо намудам, ки дар ин филм он хиёнатҳое, ки Беиқболи Садриддин ва ҳатто дар гузашта падари ӯ Садриддинов Қаландар бо лақаби (мулло Қаландар) нисбати давлату миллати худ,  хиёнат кардаанду парда пӯшондаанд, фош гардид.

Чуноне, ки бузургон фармудаанд, падар чи гуна писар намуна: Беиқболи Садриддин мисли падари ҳарзагӯи худ, ки дар солҳои қаблӣ ба ҳамватанони худаш хиёнатҳои нобахшиданиро ба бор овард, имрӯз бошад писари фасодаш Беиқбол дасти ӯро гирифта бо қаллобиву ҷинояткориҳои даҳдашатомез чандин нафар ҳамватанонамонро бо истифодаи аз калимаву оятҳои Қуръони Карим, бо мақсади нопоки худ аз онҳо бо роҳи фиреб маблағҳои муфту ҳангуфт ба даст овардааст. Касе, ки худ дар тамоми шабакаҳои интернетӣ аз оятҳои каломи раббонӣ сухан меронад, худро сарсупурдаи дини ислом мешуморад, чаро боре фикр намекунад, ки дар ислом оварда шудааст, ки ҳаққи як каси дигарро хурдан ҳаром аст?! Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз он бенангу беномусҳое мебашад, ки шарафи мардонагии худро аз даст додааст, дигар чи гуна метавонад бо ин ҳама беномусӣ дигар корҳои бадашро фикр кунад? ТЭТ ҲНИ Кабириву Муҳаммадиқбол ва дигар ҳаммаслаконашон барин бешарафонро тарбия намудааст. Тамоми ҷавонони мамлакатро мебояд, ки аз мактаби бешарафонаи ин бешарафон дарси ибрат гиранд.

Баъд аз тамошои филми мазкур ман ҳамчун як ҷавон шукрона аз он намудам, ки имрӯз дар яке аз давлатҳои орому  осоишта зиндагӣ намуда, истодаам, ки дар он сулҳу субот пойдор аст ва ҳар  як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусалмон, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм олуда месозанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ менамоянд, зеро сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои ободию пешрафти ин сарзамини биҳиштосо пеш аз ҳарвақта фаъолият менамоянд.

Илҳом Даминов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg