БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақвияти ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ дар мадди назар

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Равшанободи ҷамоати шаҳраки Қубодиён  вохӯрӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисоди маънидод карда мешавад, суханронӣ намуд.

Ичунин, дар ин раванд оид ба эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан намуда, вобаста рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ андешаронӣ карда, даъват бар он намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлат ҳар як фарди ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Дар охир мавсуф оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои тундрав суханронӣ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg