Ш.ШОҲИН. Дар доираи нақша-чорабиниҳои муштараки амалиёти умуминоҳиявӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Як рӯзи ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чагам бо иштироки аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо аъзои Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дигар сокинону зиёиён ба ҳашар баромада, дохил ва атрофи қабристони деҳаи Чагамро аз алаф ва растаниҳои худрӯй тоза намуданд.
Тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки миёни Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузории ҳашари умуминоҳиявӣ минбаъд бо мусоид омадани вазъи ҳаво идома ёфта, корҳои бунёдкорию ободонӣ дар масири тозаву озода нигоҳ доштани қабристонҳо, маҳкам намудани гирду атрофи онҳо, шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ вусъат дода мешавад.