БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дастгирии  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Қумасангир”, Аксияи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабзу хуррам хоҳем кард!” дар шаффати шоҳроҳ ҷараён гирифт, ки дар он  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон иштирок  ва сухаронӣ намуд.

Дар рафти маъракаи ниҳолшинонӣ  Зайдуллоев Муҳамадҷон ҷиҳати сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаи диёр ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба саҳми иштирокдорон расонида, аз ҳар як иштирокчии маъракаи ниҳолшинонӣ барои саҳм гузоштанашон дар сарсабзу хуррамгардонии як гӯшаи диёр изҳори миннатдорӣӣ баён кард.

Бояд қайд намуд, ки чунин маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар дигар Ҷамоатҳои шахраку деҳоти ноҳия низ идома дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg