БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕ НИҚОБ НАБОШ, ХУД ВА ДИГАРОНРО ҲИФЗ НАМО!

ҶАЙҲУН. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Бениқоб набош” ва ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Барқи Тоҷик” бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаҳои Обшорони Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ доир гардид.

Зимни суҳбат масъулин доир ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, қайд карданд, ки роҳи беҳтарини пешгирӣ ва суст кардани паҳншавии вируси (COVID-19), ин маълумоти саҳеҳ ва мукаммал оид ба ин беморӣ доштан аст. Инчунин, таъкид карда шуд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  ва серодам бе ниқоб набошанд.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур масъулин ба сокинон доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирс ниқобҳои тиббӣ ва ҷиҳати сарфакорона истифода намудани қувваи барқ бошад, Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро тақсимот намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg