
ХОВАЛИНГ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Саидҷалол Сатторов ва Исфандиёр Саидмаҳмудов дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи табиат” дар мавзӯи рӯз - истифодаи самараноки қувваи барқ ва роҳҳои пешгирии бемории коронавирус суҳбат гузаронида шуд.
Дар суҳбат дар асоси Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи тоҷик” ба ҳозирин фаҳмонида шуд, ки сарфаи барқ ба ҳар як оила ва давлат фоидаи бештару бештар меорад. Ин амал имкон фароҳам меоварад, ки дар давраи зимистон мардум бе маҳдудкунӣ бо барқ таъмин бошанд. Риояи талаботҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла бастани ниқоб бошад, касро аз гирифторшавӣ ба ин бемории хавфнок ҳифз менамояд.
Аъзои ташкилот дар баромадашон аз Муроҷиатномаҳо якдилона пуштибонӣ намуда, изҳор доштанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба масъалаҳои зикргардида васеъ ба роҳ мемонанд.