БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУХАН АЗ ХУДОВУ РАСУЛ, ВАЛЕ АМАЛ КАСИФУ БЕНОМУСӢ

ВОКУНИШ.  Бори дигар чеҳраи касифу палиди наҳзатиҳои хоинон  ба тамоми мардум ошкор гардид. Ана ин аст фаъолияти кори аъзои собиқ ҳизбӣ  ТЭТ ҲНИ.

Бо маҳзи тамошои филм бори дигар маълум ва исбот гардид, ки ин гуна қаллобон паси пардаи  ислом худро пинҳон намуда , чӣ амалҳои касифонаеро иҷро мекунанд. Шахсе,ки аз тарбияи дурусту комил  дур аст, ҳеҷ гоҳ наметавонад муввафақу шахсияти комил шавад.

Ана ин аст натиҷаи тарбияи оилаи хурофотпараст, волидайни қаллоб, ки бо қаллобию фиребгарӣ ва барои нафси касифи худро қонеъ кардан ба чӣ рӯзҳо омада мерасонад. Ҳар волидайне,  ки аз роҳи фиребу найранг ва қаллоби фарзандони худро мехӯронад, дер ё зуд подоши онро мегирад.

Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шахси бетаълиму бетарбия ва аз мактабу таълим дур ба ҳар гуна роҳҳо ба осонӣ фирефта мешаванд. Муссалам аст, ки мактаб ва омӯзгор равшанкунандаи роҳи фардои ҳар як фарди бедордил мебошад.

Ин аст натиҷаи амали ҳар як фарди хиёнаткори дур аз Ватан, албатта носипосӣ бо хоку обу нони Ватан  ба он оварда мерасонад, ки миёни мардум шармандаю дар ба дар ва дур аз ҳама доираи инсонӣ мегардад.

Шахсе, ки нангу номуси худро аз даст додааст, чи гуна метавонад,  метавонад ба ғайбату туҳмат, бадгӯию носазоӣ хотима бахшад.

Шахсе,  ки ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин  аз таълиму тарбияи мактабу омӯзгор  ва ҷомеа дур мебошад, ба ҳама гуна бешарафию беномусӣ даст задан қодир аст.

Мо мардуми озодсиришти тоҷик бояд баҳри пойдории ваҳдату ягонагӣ аз ин дида талош варзем ва нагузорем то ҳар нохалафу кӯрдил  ба якдилию якмаромии мо мардуми куҳанбунёд газанде расонад.

Салоҳиддин  Мирзобаротзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg