БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САБАҚИ ТАЛХ

ВОКУНИШ. Дар Тоҷикистони азизамон хушбахтона фазои сулҳу оромӣ ҳукмфармо буда,  рушду тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ ва раванди ободкориву созандагӣ густариш ёфта истодааст. Ба оромиву осудагӣ ва ободию шукуфоии кишварамон душманони миллат ҳасуд бурда, тариқи сомонаҳои интернетӣ ҳар гуна туҳмату буҳтонҳои беасосро паҳн менамоянд.

Дар филми ҳуҷҷатии  "Бешарафӣ"  яке аз пайравони наҳзатиҳои ифротӣ Муҳаммадиқболи Садриддин ва падараш Қаландари Садриддин муаррифӣ гардид. Маълум шуд, ки Муҳаммадиқбол дар оилае тарбия ёфтааст, ки падари хонадон шахси бесавод, хурофотӣ ва ифротӣ буда, солҳои фирориаш дар кишварҳои бегона хизмати хоҷагони хориҷиро ба ҷо овардааст ва ба қаллобию муфтхӯриҳо даст зада, пулу моли зиёде, ҷамъоварӣ карда, сипас соҳиби хонаву ҳавлиҳои боҳашамати зиёде гаштааст.

Муллоқаландар писарашро мисли худ бо  ақидаҳои ифротӣ тарбия намуда, хост, ки пайрави падар бошад. Вале бо ин роҳ дар ҷавонӣ ба сари писараш кулфату нангу номусҳои зиёдеро ба бор овард. Муҳаммадиқболи Садриддин қурбони ақидаҳои ифротӣ ва туъмаи қумандони афғонӣ гардида, шарафу нангу номуси ҷавонмардонаи худро аз даст дод.

Дар ҳеҷ давру замон таърих ёд надорад, ки ҷавонони тоҷик қурбони чунин бадахлоқӣ, бешарафӣ, ҳамҷинсгароӣ ва беномусӣ гардида бошанд. Чунин амалҳои зишту нангини  ба сари Муҳаммадиқболи Садриддин омада дар ҳама ҷо паҳн гардид ва обрӯву нуфуз, шаъну шарафи падару писар ба замин рехта шуд. Ҳайҳот, ки ин ҷавони ватангумкардаи ифротгаро то дер дар кишвари бегона қурбони чунин амалҳои нангин гардида, бо он муросо ҳам намуд. Аён аст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ба тақдири бади худ падари гумроҳи  молу сарват ва хоину ватанфурӯши худро сабабгор дониста, аз ӯ рӯй гардонид, ҳис кард, ки ҳамаи ин мусибатҳои ба сараш омада тавассути падараш ба ӯ сироят ёфтааст, бинобар ин ҳатто ба  ҷанозаи падар нарафт. Ин аст  тарбияи як падари ба ном мулло, ки писарро ба чӣ рӯз оварда расонид.

Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҷурми хиёнати падар, бо андешаҳои ботили худ дур аз Ватан бо ёди ёру диёр сарсону оворагард назди хоҷагони хориҷӣ дар аврупо ҳарзасароӣ карда рӯз мегузаронад. Вуҷуди ӯро ҳар замон таҳқири ҷинсӣ шуданаш,  нисбаташ таҷовузу бадахлоқиҳо намудани “НАЗДИКОНИ” хориҷиаш ба шӯру исён оварда, нисбати Ватани худ носазо, сафсатагӯиҳо ва хаёлпарастиҳо мекунад. Бале, ӯ дар мулки бегона ғарибу бенаво, бардаву сарсон аст.

Мардуми шарифи тамаддунофари тоҷик кайҳо боз аз маккорӣ, дурӯягӣ, дассисабозӣ ва туҳмату таҳқирҳои ноҳақи чунин наҳзатиёни мисли Муҳаммадиқболи Садриддин огоҳ аст. Дар ҳақиқат ӯ шахсест, ки имрӯзҳо Ватану миллати хешро  бадном мекунад, санги маломат мезанад ва ӯ ба роҳи хато рафта қурбони беномусӣ ва бадахлоқиҳо гардид. Мехоҳад гузаштаи нангинашро мардум фаромӯш созанд, ба ин восита симои аслии хешро дигар карда нишон медиҳад, вале мо медонем, ки ӯ аз як хоин, ватанфурӯш ва таҳқиршудае беш нест. Ин сабақи талх аст, ки аз нодониву  бесаводӣ, сабукфикрӣ ва фирефтаи ақидаҳои ифротгароӣ гардидан  ба сари  ҷавонони гумроҳ омаданаш мумкин аст. Аз ин лиҳоз, ҷавонон аз ҳарвақта дида хушёру зирак бошанд.

Муҳаммадиқбол баринҳо ба пешравиҳои давлату миллатамон, ки имсол 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ҷашн мегирем, бо рашку ҳассад менигаранд. Мо пайрави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҳастем, барои рушду нумуи кишварамон саҳми худро мегузорем ва намегузорем, ки  хоинони миллат, аз ҷумла аъзои  наҳзатиёни ифротӣ обрӯву  нуфузи давлати моро паст зананд.

Абдусаломзода Мунаввара, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg