БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ҲАСТЕМ!

АНДЕША. Ба ҳамагон маълум аст, ки аксари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол ба шумор мераванд. Маҳз ин тоифа, яъне ҷавонон ва наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ аз тарафи мубалиғони хориҷӣ гаравидашуда истодаанд, ки моро ба ташвиш овардааст. Ҷавоне, ки аз гумроҳии худ ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил мешавад, намедонад ки на танҳо ба мақсади худ намерасад, балки ба падару модар, зану фарзанд ва наздикони худ ғаму ғурбат ва мушкилиҳои зиёдеро ба бор меорад.

Имрӯз бояд ҳар як фарди баномусу ватандор қарзи фарзандии худро дуруст дарк намуда, бо терроризму экстремизм мубориза барад, чунки ин танҳо кори мақомот ва сохторҳои қудратӣ намебошад. Боиси ташвиш аст, ки то ба имрӯз аз ҳисоби ҷавонон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҷавонони тоҷик низ ҳастанд. Аз ин хотир аз он шахсиятҳо даъват ба амал меорам, ки аз роҳи интихобкардаи худ даст кашанд, ба Ватан, ба назди хешу табор ва наздиконашон баргарданд!

Шомалангова Миҷгона,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg