ДӮСТӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия пайваста вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуда истодааст.
Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бешаи палангон» бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Одиназода Ҳуснигул иштирок дошта, атрофи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар андешаронӣ кард.
Зимни суҳбат масулин аз мулоқоти Пешвои миллат иқтибосҳо оварда, барои дастгирӣ кардани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҳамовози нишон доданд.
Инчунин дар ин росто, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози иқида намуда зикр карданд, ки моро зарур аст, барои ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳон ба ин мавзеъи сарсабзу зебо ва ғанӣ аз ҳайвонҳои нодир, боз ҳам зиёдтар саъю талош варзем.
Бешаи палангон макони мӯъҷизаҳои нотакрору диданист. Овозаи табиати зебою дилфиребаш ҳамакнун ба гӯши қалби ҳазорон дӯсдорони сайру сайёҳат расида, дили даҳҳо тани дигарро тасхир намудааст.
Нафарони дар вохӯри ҳузурдошта илова ба суханони масъулин қайд намуданд, ки мо имсол ният дорем бахшида ба Соли рашди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ макони сайёҳонро зиёдтару ҷаззобтар ва дигаргун созем.