БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОЛИМОН”

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” маҷлис баргузор гардид. Бо суханони ифтитоҳӣ котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” Шоинов Ҳасан ҷаласаро оғоз намуд. Сипас, Холиқзода Айниддин - аъзои фаъоли ҲХДТ, муовини аввали ректори ДДК ба сухан баромада, оид ба фаъолият ва дастовардҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” маълумот дод.

Дар баробари ин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор дар маҷлис иштирок дошта, андешаҳои худро ҷиҳати фаъолияти пурсамари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” дар давраи ҳисоботӣ баён кард.

Дар фарҷом зимни музокира ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” аз натиҷаи фаъолият дар соли 2020 қаноатбахш ҳисобида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg