БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДУ МАРОМИ ҲХДТ ИФОДАКУНАНДАИ МАҚСАДУ МАРОМИ МАРДУМ МЕБОШАД

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кафолат” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб маҷлиси ҷамъбастӣ доир карда шуд. Зимни мулоқот кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, Шоева Дилноза ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кафолат” Сайдализода Ҷурахон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти маҷлис Сайдализода Ҷурахон вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давоми соли 2020 ҳисобот дод.

Инчунин, кормандони масъули ҳизбӣ низ баромад намуда, изҳор доштанд, ки ҲХДТ дар ҷомеаи демократии кишвар бо тадбиқи мақсадҳои худ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, инчунин ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии мамлакат ҳидоят намудани мардум саҳми муносиб дорад. Ин аз он далолат мекунад, ки мақсаду мароми ҳизб ифодакунандаи мақсаду мароми мардум буда, баҳри манфиатҳои халқ пайваста кӯшиш менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg