БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЯТҲОИ ТИРААШ ОҚИБАТ БА ШАРМАНДАШАВӢ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИНРО ОВАРДА РАСОНИД

ВОКУНИШ. Раванди давлатсозӣ бахусус, дар шароити имрӯзаи бисёр мураккаби ҷаҳони муосир, ки саропо аз бархурди манфиатҳо, муборизаю талошҳо баҳри нигоҳ доштани истиқлолияти давлатию миллӣ мебошад, аз ҳар шахси худогоҳу худшинос ва хусусан, дорандаи нангу номус ва ғурури миллӣ тақозо менамояд, ки вобаста ба имконияти дар ихтиёрдоштаи худ кореро барои миллату давлати хеш анҷом диҳад.

Аммо амалияи имрӯза нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ дар симои ашхоси алоҳида, маҳз зери шиори манфиатҳои миллӣ, демократиякунонии ҳаёти ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мардумсолорӣ, қонунмеҳварӣ, ки ҳамагӣ барои ин шахсон аз як баҳонае барои расидан ба ҳадафҳои шуми хоҷагони хориҷиашон беш нестанд, амал намуда, ба раванди давлатдории миллӣ, ки саропо дар асоси хостаҳои миллӣ бунёд ёфтаанд ва ҷаҳон онҳоро эътироф намудааст, халал ворид менамоянд.

Симои ҳақиқии яке аз чунин шахсони шармандаҳои рӯи олам монанд ба Муҳаммадиқболи Садриддин тавассути пахши филми ҳуҷҷатии “Хиёнат-7” зери унвони “Бешарафӣ” ошкор гардид. Тавре мегӯянд: “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Зимни ин филм ҳар нафаре, ки Муҳаммадиқбол ва аҳлу оилаи онҳоро мешинохтанд возеҳу равшан баён доштанд, ки оилаашон фазои солим надоштанд. Падар гурезаву дар ба дар ва дар сар ақидаҳои ифротӣ оқибат писарро низ дар ин гирдоб ғарқ намуд.

Чизи боз ҳам аҷоибтараш ин аст, ки бо кулли ҳамаи гуноҳояш, ки ҳатто онҳоро ба забон оварданам душворӣ мекашам ва фикр дорам, ки хонандаи азиз низ аллакай пайхас кард, ки чиро дар назар дорам, ин разил дар пайи татбиқи хадафҳои хоҷагонашон фарохтар аз фаҳмиши худ рафта, гӯйё мардумро роҳнамоӣ месозад.

Маълум гардид, ки дар рафтору гуфтор ва кирдорҳояш ғулом аст, ғуломи нафс, ғуломи хоҷагони хориҷӣ. Аз ин ҳама кирдорҳояш баръало маълум шуд, ки манфиатҳои миллиро намешиносад ва шинохта ҳам наметавонад!

Эй беандеша, бешараф, ки ҳанӯз ту ин шарафатро дар хурдият аз даст додаӣ, магар ҳамин шумою шумобаринҳо ва хоҷагони хориҷиатон набудед, ки истиқлолияти давлатдориро дар хатар гузоштеду суботи минтақаро ба ҳам задед ва миллат қариб буд, ки аз байн равад?!. Боз бо кадом ақлу фаросатат мехоҳӣ сухане гуфта бошӣ? Хиҷолат намекашӣ?! Биё нисбати ин миллати тамаддунофар бадгӯиро бас кун! Ин миллат дигар ба ҳадде нест, ки дӯсту душманро нашиносад! Оқибат ниятҳои нопокат туро ба шармандагӣ оварда расонд. Пас аз ин ҳама ошкоршавии шармандаомезат бояд ту умуман, дар ягон ҷой ва ё маконе сухане нагӯиву ва дигар нагуфта бошӣ - Бешараф!

Таварзода Азиз, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg