БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОБИТА БО ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ЗИЧТАР МЕГАРДАД

КӮЛОБ. Мутобиқ ба ҷадвали тасдиқшуда дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баракат” бо иштироки кормандони масъули ҳизб - Мунаввараи Бозоралӣ,  Шоева Дилноза ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  Абдураҳмонов Шералӣ маҷлиси ҷамъбастӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар робита ба масъалаҳои якуми рӯзномаи маҷлис Абдураҳмонов Шералӣ ҷиҳати фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ба ҳозирин маълумот дод.

Ҳамзамон кормандони масъули ҳизбӣ зимни баромад қайд доштанд, ки ҳамкориҳои судмандро бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ мондан, яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ дар замони ҳозира ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус имкон медиҳад, ки то мавқеи ҳизб дар миёни ҷомеа мустаҳкам гардида, ҷиҳати боло бурдани маърифати сиёсию иқтисодии ҷомеа нақши созгор хоҳад гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg