БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАРРО ГАР БУБАНДӢ ПЕШИ АСП, ҚАБИЛА ДИГАР ШАВАДУ Ӯ БИМОНАД ҲАМОН ХАР.

ВОКУНИШ. Дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии Хиёнат (БЕШАРАФӢ). Чоҳкан зери чоҳ мемонад гуфтаанд бузургон.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳар нафаре бар муқобили ягон касе чоҳе меафканад дар ниҳоят худаш ба чоҳ меафтад.

Ман ҳамчун як ҷавони даврони истиқлолият пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии Хиёнат-қисми 7 (БЕШАРАФӢ) бори дигар то чи андоза разил будани аъзо ва саркардагони ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби Наҳзати Исломиро хуб дарк намудам. Аз тамошои ин филми мазкур ман ба хулосае омадам, ки  дар давраи мушкилие, ки ба сари миллати тоҷик дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омад, ин хоинони миллат ҳар кореро, ки хостанд ба сари миллати тоҷик раво диданд, аз ҷумла ҷавононро гумроҳ намуда, ба бешарафӣ (бачабозӣ) телла дода, онҳоро ба майдонҳои ҷанг, бародарро ба муқобили бародар бароварданд.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз саркардагони ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби Наҳзати Исломи бо номи Қадриддини Садриддин бо лақаби (мулло Қадриддин), ки бо нақшаҳои ғаразноки худ мехост ба сари миллати тоҷик бадбахтиҳои зиёдеро биёраду ҷавононро гумроҳ созад, хушбахтона ин нақшаҳои разилонааш ба сари худу хонаводааш омад. Ҳангоми фирор ва зиндагӣ дар хоки кишвари ҳамсояи Афғонистон писари ноболиғаш бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин бо кадом яке аз қумондонҳои афғон муносибатҳои маҳрамонае пайдо карда, дар ниҳоят бо корҳое, ки дини мубини Ислом ҳаром гардонидааст, яъне никоҳ байни ҳамҷинсон даст зада, бо яке аз онҳо никоҳи динӣ  кардааст.

Дар давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ шояд бисёре аз ҷавонони тоҷике, ки ба хоки кишвари ҳамсоя фирорӣ гашта буданд, ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардиданд, вале ҳамон номуси ҷавонмардии тоҷикона буд, ки онҳо тавонистанд бо иродаи  қавӣ, дасту дили пок  ҳамаи ин мушкилиҳоро паси сар намоянд ва ба зиндагии муқаррарии худ идома диҳанд. Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз ҷавони тоҷик бо гуноҳи падар ба хоки ин кишвар фирорӣ гашта, ба чунин амалҳои номатлуб рӯ ба рӯ гардид ва дар ниҳоят натавонист, ки худро аз ин дарди бедаво наҷот диҳад ва баръакс бо ин дард одат намуда, дар ниҳоят барои пайдо кардани дарди бедавои худ ба давлатҳои Аврупоӣ, ки дар онҷо ба мисли ин хоини миллат дардмандон зиёд мебошанд, фирор намуд.

Худ қазоват намоед,  нафаре, ки нафси худро идора карда наметавонад, нафаре, ки Худованд кирдорашро лаънат гуфтааст, нафаре, ки падарро ҷигархун, авлодро бадном ва миллаташро сияҳном кардааст, чи гуна боз сар боло мекунаду сухан бобати мушкилии мардум мезанад?

Мехоҳам атрофи зиндагии шахсии ҳамин касофат, хоини миллат бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин чанд сухане гуфта бошам. Нафаре, ки хонаводааш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фирорӣ гашта дар хоки кишвари Афғонистон умр ба сар мебурданд, аз кадом ҳисоб имрӯз ин нафар дорои чанд адад хонаҳои истиқоматии дуошёна, зиндагии зебо ва шароити хуб, дар хориҷа умр ба сар бурдан, ин ҳама аз кадом ҳисоб ба даст меояд. Албатта, ки бо сармояи кадом як созмони террористии хориҷӣ ва бо мақсади ноором кардани ҷомеаи ороми Тоҷикистон.

Ин хоин ва ҳамоне, ки ин касофатро сармоядорӣ менамояд бояд нағз донад, ки  миллати тоҷик, ҷавони тоҷик дигар он ҷавони солҳои 90-уми асри гузашта нест, ки ба ҳар як дурӯғ ва найранги ин гуна созмонҳои террористию экстремистӣ бовар кунад, хушбахтона имрӯз мо метавонем хубро аз бад, сафедро аз сиёҳ ва дӯстро аз душман фарқ намоем.  Аз он ҷиҳате, ки маҳз ҳамон қумандонҳои афғон ба номуси ин касофат дастдарозӣ намуданд, ба хотири ҷавони тоҷик буданаш маро ба важд овард, аммо аз ҷиҳати дегаре, ки ин нафар имрӯз яке аз тарафдорони ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҲНИ мебошад ва барои иғво ангехтан дар байни миллати тоҷик бо кадом яке аз гурӯҳҳои террористӣ  ҳамкорӣ  мекунад, барои амалҳои ба сараш омада  заррае парво надорам, чунки ҳамон бадбахтие, ки миллати мо кашид аз ҷониби падари ин касофат ва дигар саркардагони ҳамин ташкилоти террористӣ ба амал омада буд.

Ман ҳамчун як ҷавон аз ҳамаи ҷавонони тоҷик ва ҳамсолонам хоҳиш менамоям, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи найрангҳои ин хоинон ва ба мисли инҳо барин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дода нашаванд ва дар гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо як дилу нияти пок ва иродаи қавӣ фаъолият намоянд, зеро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст, ки ҷавонон ояндаи миллату давлат мебошанд.

Расулов Ғолиб, мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg