БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕШАРАФӢ КОНИ МАРИЗИСТ

ВОКУНИШ. Аз намоиши филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» чеҳраҳои дигари манфури наҳзатиёни исломӣ, аз ҷумла Қаландари Садриддин ва писари қурбони ҷаҳолатгардидааш Муҳаммадиқболи Садриддин намоён гардид, ки бо амалҳои нангини гӯшношунид солҳои зиёдро дар хориҷи кишвар сипарӣ намудаанд. Муллоқаландар бо пулҳои ҳароми аз муфтхӯрӣ ҷамъовардааш соҳиби хонаву ҳавлиҳои серошёна ва беҳисоб гардид, ки насибаш нашуд. Муҳаммадиқболи Садриддин зери таъсири падари наҳзатиаш бемаълумоту бефарҳанг ба воя расида, дар кишвари Афғонистон ба таҷовузу бадахлоқӣ ва бешарафӣ дучор гардид, ки дигар падар ҳеҷ натавонист, ки аз ин роҳи нангин баргардонад.

Собит шуда буд,ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар оғози солҳои навадум бо мусоидати бевоситаи ТЭТ ҲНИ ба вуқӯъ пайваста буд.Он ҷанги нангин,ки бо мақсади аз байн бурдани давлати Тоҷикистон тарҳрезӣ гардида, аз хориҷи кишвар ба воситаи қувваҳои хиёнаткори дарунӣ ба марзи Ватани мо таҳмил дода шуда буд. Имрӯз ҳам вуҷуд доранд он қувваҳои аҳриманӣ,ки бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мағзи ҷавонони моро куллан тағйир дода, онҳоро ҳамчун қувваи идорашавандаи харобиовар ба доми найрангашон афтонанд, вале мардуми азизи Тоҷикистон шаҳди талхи ҷанги бародаркуш ва оқибатҳои даҳшатбори ҳодисаҳои нангини солҳои навадумро, ки номи миллати моро доғдор кардаанд, ҳанӯз аз ёд набаровардаанд. Яке аз ин нафарони манфур ва касофати ватанфурӯш Муҳамадиқболи Садриддин мебошад,ки ҳамарӯза бо ҳарзагӯиҳои беасосаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ба таври худ баромад намуда, худро дилсӯзи ин халқу ин миллат мегирад. Вале ин бегоҳ симои аслии ин дарандаи тарсу ба таври возеҳу рушан намоиш дода шуд. Пас аз тамошои ин филм Муҳамадиқболи Садриддин бояд худро ба дор овезад,бояд худро ба ҷарӣ  афканад. Вой бар ҳоли ту хоини ватанфурӯш. Дар баробари саг барин аккос заданаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар баробари ватанфурӯшияш боз танфурӯшӣ ҳам мекардааст. Акнун маълум гашт, ки Муҳамадиқболи Садриддин дар зоҳир мард будааст Нафаре,ки муқаддастарин арзиши худ номуси мардии хешро аз даст додааст, акнун куҷо лофи мардию мардонагӣ мезанад. Оне,ки падари худро ба чашми душман дида то нафаси охирин ӯро намебахшад, дар ҷанозаи қиблагоҳаш иштирок намекунад дигар аз ӯ чиро интизор шудан мумкин. Муҳамадиқболи Садриддин нанги миллати тоҷик, акнун чеҳраи манфури ту ба тамоми дунё маълум гашт. Мисли дарандаи тарсу аз дур истода худро бегуноҳу дилсӯзи Ватан нахон. Акнун канӣ он ҷуръате,ки омада бегуноҳии худро собит созӣ дигар ин халқи бохирад ва ин миллати дар арсаи ҷаҳон муаррифигаштаро наметавонӣ пош созӣ. Дигар барои тоҷик, ки нанги ин миллат гаштаи ҷой нест. Туро миллат намебахшад, туро таърих намебахшад, Он мафкураи ифротгаронаи ту, ки туро акнун то ба гӯр мебарад, туро решакан мекунад. Акнун дигар чеҳраи касифатро дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш надеҳ, лофи ватандорӣ назан.

Дилафрӯз Сироҷиддинова, директори МТМУ № 17, ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg