БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ...

ВОКУНИШ. Шоми 20 январ тавассути шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Бешарафӣ”- ро тамошо намудем. Ин филм аз  бадрафториҳои як наҳзатии фирории дар хориҷ панаҳбурдае бо номи М. Садриддин намоиш дода шуд.        

Филми мазкур бори дигар собит намуд, ки наҳзатиёни террорист дар ҳар гӯшаву канори олам паноҳ бурда бошанд ҳам кирдору рафторашон хилофи арзишҳои диниву мазҳабӣ мебошад. Аз намоиши филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» чеҳраҳои дигари манфури наҳзатиёни исломӣ аз ҷумла Қаландари Садриддин ва писари қурбони  ҷаҳолатгардидааш М. Садриддин  намоён гардид, ки бо амалҳои нангини гӯшношунид солҳои зиёдеро дар хориҷи кишвар сипарӣ намудаанд. Мулло Қаландар бо пулҳои ҳароми аз муфтхӯрӣ ҷамъовардааш  соҳиби хонаву ҳавлиҳои баландаошёна  гардид, ки ҳеҷ  насибаш накард. Инчунин М. Садриддин зери таъсири падари наҳзатиаш бемаълумоту бефарҳанг ба воя расида, дар кишвари Афғонистон ба таҷовузу бадахлоқӣ ва бешарафӣ дучор гардид, ки дигар падар  натавонист, ӯро аз ин роҳи нангин баргардонад.    Чунин тоифа бешарафон аз номи дини ислом баромад карда, бо ин роҳ мехоҳанд   динро бо сиёсат омехта карда, дар ҷомеа гурӯҳҳои мухолифро зиёд намоянд.          

Ҳама гуна фитнаву иғвоангезӣ, дасисаву амалҳои пасипардагии ифротгароён мардуми кишварамонро бори дигар ҳушдор месозад, ки аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошанд.  

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, ин дар мусулмонии мост.

Имрӯз ин шахсияти хиёнаткор, ки номуси мардии худро аз даст додааст,  дар рӯйи худ ниқоби инсони покро кашида, шарм надошта, аз номуси инсонӣ ҳарф мезанад. Мардум бори дигар дарк намуд, ки  қадру манзалати М. Садриддин ҳамчун инсон кайҳо боз рехтааст.

Мардуми тоҷик аллакай сафедро аз сиёҳ фарқ мекунанд ва  ҳеҷ гоҳ ба шумо барин ватанфурӯшҳо, палидон, беномусҳо бовар надоранд. Мо ин кирдорҳои разилонаи шуморо дар ин дунёву қиёмат фаромӯш нахоҳем кард.

Раҷабзода Қурбонгул, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg