ВОСЕЪ. Дар Беморхонаи №2-и деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Сафархони Муҳаббат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб ва инчунин, оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Кормандони Беморхона суханронии Сафархони Муҳаббатро бо қаноатмандӣ пазируфта, иброз доштанд, ки ҳамеша дар пайи беҳбуд бахшидани саломатии аҳли ҷомеа ва дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиш менамоем.
Дар охир узви ҲХДТ Шарифов Мирзо зикр намуд, ки таъсиси ташкилоти ибтидоӣ дар ташкилоту муассисаҳо ин саривақтӣ буда, барои бартараф кардани мушкилоти мардум кӯмак мерасонад.