БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФИЛМИ «БЕШАРАФӢ» ЯК СИМОИ ҲНИТ-ИИ БЕШАРАФРО БА МАРДУМ НИШОН ДОД

ВОКУНИШ. Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” бори дигар ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои навадуми асри  ХIХ – ро , ки саркардагони Ҳизби террористӣ – экстремистии наҳзати ислом, бо дастури хоҷагони хориҷӣ, дар ивази маблағҳои калони  ба дастоварда ба сари мардум мусибати гӯшношунидро  бор намуданд,  ба ёд овард.  Қурбониҳои ин ҷанги шаҳрвандӣ (онро ҷанги бемаънӣ ҳам ном мебаранд) хеле зиёд аст.  Ғаму андӯҳи  ба сари мардум овардаи наҳзатиҳо на танҳо  калонсолон, балки тифлону хурдсолонро ҳам аз ҳаёти ширини бачагӣ ва наврасӣ  маҳрум сохт.  

Муҳаммадиқболи Садриддин ҳам яке аз ин қурбониҳост.

Падари Муҳаммадиқболи  Садриддин   Қаландаров Садриддин, ки  боиси бешарафии фарзандаш  мегардад,  шахси бадахлоқ  аз одоби  инсонгарӣ дур буд.  Ӯ барои алоқаи ҷинсӣ бо ҳайвон дар макони зисташ ноҳияи Нуробод шармандаи мардум мегардад. Ҳатто занаш барои ин амалӣ ҳайвонӣ аз ӯ рӯ гардонида, дигар зиндагӣ намекунад. Мулло Қаландар (ӯро чунин ҳам ном мебаранд) аз шарми мардум ба шаҳри Бохтар кӯч мебандад.  Дар ҳамин ҷо ҳам  аз бадрафторӣ намемонад.  Аз шаҳодати ҳамсояҳояш бармеояд, ки ӯ як шахси ҳаромхӯру фиребгар буд. Қарзи гирифтаашро то имрӯз аз қарздорон барнагардонидааст. Оилаи Садриддин Қаландаров оилаи носолим буд.

Муҳаммадиқбол дар ҳамин оила ба дунё омада ва дар ҳамин муҳит  то 12 -13 солагӣ,  то ба дасти бачабозон афтоданаш тарбия ёфтааст. Аз рӯи гуфтаи ҳамсояҳои Садриддин Қаландаров ва директори муассисаи таълимӣ Муҳаммадиқбол кӯдаки душвортарбия  буд. Аз чунин оила кӯдаки боодобу хушахлоқро интизор шудан ҳам мумкин нест.    Имрӯз ба касе пинҳон нест, ки  ҷанги шаҳрвандии дар Тоҷикистон ба амаловардаи саркардагони Ҳизби наҳзати ислом ҷанги таҳмилӣ буд ва мақсади асосии наҳзатиён аз байн бурдани давлати конститутсионӣ ва ба ҷойи  он бунёди давлати исломӣ бо дигар кардани мазҳабу урфу одати миллӣ буд.  Дар ҳайати таъсисдиҳандагони ин Ҳизби хунхори  наҳзати ислом аксарашон одамони бо ном шайху мулло,   дар асл бадахлоқ, ҳаромхӯр, фиребгар, золим, беинсоф,  бешараф,  дурӯя, шайтону дурӯғгӯй буданд. Инро дар мисоли яке аз таъсисдиҳандагони Ҳизби наҳзати ислом, дасти рости Абдуллои Нурӣ Садриддин Қаландаров падари Муҳаммадиқболи Садриддин  дидан мумкин аст. Бо ин ҳама шармандагӣ саркарда ва яке аз шахсони бонуфузи Ҳизби наҳзати ислом ба ҳисоб мерафт.

Дар давраи гуреза будан  дар Афғонистон ҳам Абдуллои Нурӣ дасти раҳмат ва шафқатро  аз сари ӯ дур намекунад. Ӯро масъули тақсим намудани ёриҳои башардӯстона ба муҳоҷирони тоҷик  мегузорад. Ӯ чӣ кор мекунад ? Гӯр сӯзаду дег ҷуӯшад, -  гуфтагӣ барин ёфтагиашро мефурӯшаду аз ин кор маблағи калон ба даст меорад.   Ҳамаи ин аз шаҳодати сокинони Афғонистон, ки дар филм оварда шудааст,  бармеояд.

Садриддин Қаландарови худнамо писараш Муҳаммадиқболро  ба дасти мулло Шариф ном муллои дар гузашта муҳоҷир барои таҳсил месупорад. Маҳз аз тарбияи оила дур мондани  Муҳаммадиқбол ва дар кӯча беҳуда сайругашт намуданаш сабаб шуд, ки ӯ ба дасти Қумондон Ғулом ном қумондони  бачабози афғон биафтад ва давоми як сол мавриди бачабозӣ қарор бигирад.

Садриддин Қаландаров дар охири умр кишти намудаашро даравид.  Баъди аз дасти Қумондон Ғулом харидани Муҳаммадиқболу аз шарм аз Амиробод ба шаҳри Ҳирот  кӯчидан аллакай дер шуда буд. Муҳаммадиқбол барои таскини дарди бедавои гирифторшудааш шабҳо аз хона гурехта,  ба марказҳои чунин бачабозиҳо  мерафт.

Вайрон шудани муносибати падару писар Муҳаммадиқболро маҷбур сохт, ки аз дасти падари беномуси  худ гурехта  ба Покистон ва аз он ҷо баъди ошкор шудани бешарафиаш ба Аморати Араб ва аз он ҷо ба Европа равад. Ба он ҷое, ки ҳамҷинсгароиро касе маззамат  намекунад.   Муҳаммадиқбол  падарашро набахшид ва дар пайравӣ ба устоди маънавиаш хоини миллат  Муҳиддин Кабирӣ (Кабирӣ дар ҷанозаи модараш иштирок накард. Ҳол он ки чунин имкониятро дошт. Дар он солҳо ҳамарӯза аз Москва ба Душанбе шаш маротиб ҳавопаймо  парвоз мекард. Вале корҳои ҳизбиашро аз эҳтироми модар ва дар ҷанозааш иштирок кардан боло гузошт)  дар ҷанозаи падараш, ки соли 2019 дар Полша даргузашт,  иштирок накард.

Муҳаммадиқболи Садриддин фаҳмид, ки дар бешарафии ӯ падараш гунаҳкор аст, вале мутаассифона то ҳол нафаҳмидааст ва фаҳмидан ҳам намехоҳад, ки гунаҳкори асосии ҳамаи бадбахтиҳои миллати тоҷик дар солҳои 90 – уми асри ХlХ, фоҷиаи ба сари хурду калон омада, аз ҷумла аз даст  додани номуси Муҳаммадиқбол ва бешарафу як умр бадном гардиданаш Ҳизби террористӣ - экстремистии наҳзати ислом ва  саркардагони он, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ ва дигар  ҳаммаслаконаш мебошад.   Ӯ мебоист, ки ба ин ҳизб, саркардагони он, дар қатори падари ҳаромхӯру бадахлоқаш  аз Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳамтабақонаш, ки то имрӯз   аз ниятҳои нопокашон барнагашта, дар пайи ноором сохтани ҳаёти  мардум, монеа  эҷод намудан ба пешрафту тараққиёти кишвар мебошанд,  рӯ  мегардонид. Вале ӯ баъди бешарафӣ дар кишвари ҳамҷинсгаро зиндагӣ кардану бар зидди давлату миллат бо суханони сохтаю бофта, дурӯғ, буҳтон лақиданро авлотар донист. Ин ягона манбаи рӯзгузаронии ӯст. Мисли он ки саг наҷакад  хӯрокаш намедиҳанд, Муҳаммадиқболи Садриддин ҳам  аз даҳон кафк паронда на лақад, соҳиби нон намешавад. Лекин Муҳаммадиқболи Садриддин ва ту Муҳиддин Кабирӣ дар ёд дореду фаромӯш накунед, ки баромадҳои иғвоангезонаи  шумо мисли он аст, ки  саг меҷакаду корвон ба роҳаш меравад. 

Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg