БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФШОШАВИИ БЕШАРАФӢ ВА РИЁКОРИИ МОРБАЧАИ НАҲЗАТӢ - МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН

ВОКУНИШ. Тавассути оинаи нилгун филми ҳуҷҷатии "Хиёнат" қисми №7 таҳти унвони "Бешарафӣ"-ро тамошо кардам. Баъд аз тамошои ин филм бори дигар чеҳраи воқеии  ин шахси беномус, ки дар ин филм номгузорӣ карда шудааст, тамоми мардуми кишвар бо чашми худ диданд, ки Муҳаммадиқбол ба ҳар роҳу васила мардумро сӯистифода аз дини мубини ислом ҷалб намуда, маблағҳои онҳоро барои худ сарф карда, барои худ тамоми шароитҳоро муҳайё сохта аст.

Дар ин филм кирдорҳои ношоиставу бешарафонаи Муҳаммадиқбол дида мешавад, ки чи гуна мардумро фиреб карда, маблағҳои онҳоро гирифта, то ҳанӯз бар нагардондааст.         Бояд гуфт, ки барои як зан бо доштани чунин шавҳари бешарафу беномус ва рафторҳои бемаънӣ набуданаш беҳ аст. Шояд занаш низ медонист, ки оқибати марди беномус (Муҳаммадиқбол) чунин мешавад ва худро аз ин мард халос кард.      Воқеан, инсон дар оила, мактаб ва ҷомеа тарбия меёбад. Аммо аз суханрониҳои ҳамсояҳояшон шунидем, ки Муҳаммадиқбол дар оилае ба дунё омадааст, ки ягон нафар аз ин оила маълумоти олӣ надорад ва ҳатто худи Муҳаммадиқбол мактабро то синфи панҷ хондааст. Ҳамарӯза мебинем, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ин шахси разил барои ҷалб намудани мардум дар гурӯҳи худ, дар бораи оини давлату давлатдорӣ, камбудиҳои ин ё он соҳаро баҳогузорӣ мекунад. Ҳоло он, ки худаш на саводи кофии дунявӣ дораду на динӣ ва ҳаққи гуфтан ҳам надорад.   Ҳангоми суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем, ки ба овози баланд сухан карда, мардумро барои ҷангандозиву иғвоангезӣ даъват мекунад ва дар дили онҳо кинаву бахилиро ҷо мекунад гӯё, ки тамоми донишҳои диниву дунявиро аз бар кардааст. Инсоне, ки хубро аз бад фарқ кунад мебинад, ки ин шахс бо садои дилхарош на тарзи сухан гуфтан дораду на ақлу тамиз. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки ин барои хоҷагони хориҷиаш кор мекунаду маблағ ба даст меорад. Вагарна аз куҷо пул меораду зинадагӣ мекунад ва қариб ҳаррӯз вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарф мекунад.          Маълум гардид, ки мақсади асосиаш даромади муфт гирифтану хостаҳои хоҷагонашро ба ҷо овардан аст. Ҳамин гуна нафарони тирасиришт бо таблиғотҳои дурӯғин ваъдаҳои хушку холӣ мардумро алалухусус, ҷавононро ба худ ҷалб карда, нооромиро дар ҷамъият зиёд кардаанд, ки хеле ташвишовар аст. Имрӯз тамоми мардум, махсусан, он ҷавононе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин шахси бешараф пайравӣ мекарданд, бори дигар аз чунин кирдорҳои ношоистаи Муҳаммадиқбол огаҳӣ пайдо карданд. Фикр мекунам, ки ин филм бори дигар ҷавонони моро ҳушдору бедор кард, ки ба қадри сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ бирасанду онро чун ҷон ҳифз намоянд.

Ҳангоми таҷлили ин ё он санаи муқаддаси миллӣ наздик мешавем, ғазабу оташу шӯълаи хоинону бадхоҳони миллат меафзояд. Гоҳе мушоҳида мекунем, ки онҳо ҳазорҳо бозсозиву созандагӣ, муваффақияту пешравиро надидаву аз норасоиҳои кӯчак истифода карда, ба рӯи мо, ба рӯи роҳбарияти Ватани азизи мо санги маломат мепартоянд.

Мо ҷавононро мебояд  ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна тарғибу ташвиқи террористиву экстремистӣ, махсусан ба таблиғи чунин шарафгумкардагон монанд ба - Муҳаммадиқболи Садриддин бовар накарда, бар зидди ҳама гуна ақидаҳои носолим мубориза бурда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас диҳем ва дар пай ободии Ватани худ гардида, дар гулгулшукуфоии диёрамон саҳми арзандаи худро гузорем.  

Мунаввараи Бозоралӣ, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg