БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ ЗИШТ МУҲАММАДИҚБОЛРО ТО БЕШАРАФӢ РАСОНИД

ВОКУНИШ. Дар ҳақиқат зимни тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки таҳти унвони “Бешарафӣ” ба тариқи телевизиони Тоҷикистон санаи 21 январи соли ҷорӣ наоиш дода шуд, боз моро огоҳ намуд, шараф чизест, ки ба ҳар мард муяссар намегардад. Дар ҳақиқат нафароне, ки як маротиба даст ба хиёнат мезананд аз роҳи худ бар намегарданд. Онҳо дарк намекунанд, ки наинки мардум, балки худро фиреб медиҳанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин дарк намекунад, ки имрӯз мардум мардуми солҳои пешин нестанд ва ба чунин суханони муғризонаи онҳо бовар нахоҳанд кард. Чигунае аз филми мазкур бар еояд, ӯ зимни иҷрои амалҳои нопоки хеш сӯистифода аз эътиқоди динии мардум карда, барои ғанӣ гардонидани ҷайби худ аз дини мубини ислом истифода мекард ва касе чунин хаёл ҳам намекард, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳамарӯза аз сомонаҳои таъсисдодаашон обрӯ ва нуфузи давлату миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ   ба туҳмату буҳтон, суханони бардурӯғи бофтаю сохта, бо овардани ояту ҳадис паст мезананд, то ин андоза бешараф бошад.

Дар зимн “Бешарафӣ” гузоштани номи филм ҳам беасос нест ва саргузашти бешарафонаи Муҳаммадиқболи Садриддин, бадахлоқӣ ва ҳаромхӯрии падараш Садриддин Қаландаров ва худи ӯ, хулоса тақдири ин  оилаи носолимро ба мо нишон медиҳад. Бояд ҳар як шахс дар тарозуи ақл бар кашад, ки саргузашти ин оила нафратангез аст ё на!?

Зимни ин филм дар бораи падари Муҳаммадиқболи Садриддин - Садриддин Қаландаров, ки тахаллуси Мулло Қаландар ном бароварда буд, барои муносибати шаҳвонӣ бо ҳайвони хонагӣ аз зани якуми худ ҷудо мешавад. Зеро занаш ба чунин шавҳар зиндагӣ кардан намехост.

Ӯ дубора хонадор шуда,  аз шарм аз ноҳияи Нуробод  ба шаҳри Бохтар мекӯчад.

Ҳамсояҳои бохтарии  мулло Қаландар бадахлоқ, яке аз таъсисдиҳандагони ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом буд. Фарзандонашро (13 фарзанд дошт) ба мактаб рафтан намемонд. Худ дар ягонҷо кор накарда, бо фиреб додани одамон, пул қарз гирифтану барнагардонидан ва ба хариду фурӯши чорво рӯз мегузаронид. Оё аз чунин падари бадахлоқ, ки бо роҳи фиреб аз ҳисоби дигар шахсон рӯз мегузаронид,  фарзанди солимро интизор шудан мумкин аст?   Ҳеҷ гоҳ!

Муҳаммадиқболи Садриддин дар чунин оила тарбия ёфтааст. Аз рӯи гуфтаи ҳамсояҳо ӯ кӯдаки душвортарбия буд. Дар филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” ягон чизи бофтаю хаёлӣ нест. Ҳар cyxaн бо овардани далели раднашаванда, навору аксу ҳуҷҷатҳо ва суханони ҳамдеҳагон мустаҳкам карда шудааст.

Дар бораи филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” соатҳо ҳарф занем, кам аст. Зеро он ба ҳамагуна таъриф арзанда мебошад. Ягон нафар, аз ҷумла худи он палидону ватанфурӯшони пайрави Муҳаммадиқболи Садриддин эрод гирифта наметавонанд, ки фалон лаҳзаи филм аз ҳақиқат дур ё сохтаю бофта мебошад.

Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” дар самти мазкур, шинохтани дӯсту душман, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳидояти ҳамдигар метавонад ба мо сабақи бузург диҳад.

Ва дар бобати чунин нафарон гуфтаниям: беҳуда худро обу адо накунед, беҳтараш аз хоҷагони хориҷиатон хоҳиш кунед то ки барои хизматҳои чандинсолаи ҷосусиятон нисбати Тоҷикистон ҳақи шумоҳоро пардохт кунанд. Мо дар зери ливои сулҳу ваҳдат, зери сарварии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагонӣ мекунем.

Хидиров Баҳодур,  мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg