БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

... БО ДЕГ ШИНИ СИЁҲ ШАВӢ

ВОКУНИШ. Чи хеле ки маълум аст, аз шабакаи телевизиони Тоҷикистон филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ё ин ки “Бешараф” ба намоиш гузошта шуд. Аз ин  филм кӣ будани Муҳамадиқболи Садриддин маълум гардид. Муҳаммадиқболи Садриддин воқеан нафари беномус, иғвоангез ва ҳангомаҷӯй буда, имрӯз дар хориҷи кишвар зист карда, зери супориши хоҷагони хориҷиаш аз паша фил сохта гаштааст. Ӯ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ аз пеши худ ҳар чи мехоҳаду мебофад ва бо ҳамин аз хоҷагонаш маблағи гирифтаашро  рӯпӯш намуда, худро дар назди хоҷагонаш шахси муҳим нишон доданист: “Чун гӯянд бо моҳ шини моҳ шавӣ, бо дег шини сиёҳ шавӣ”. Муҳамадиқболи Садриддин мисли як лухтак асту чизе нест. Вақт нишон медиҳад, ки хар нафаре, ки даст ба хиёнат мезанад, беномус, нопок, бадсиришт ва бешараф буда, оқибат шармандаю шармсор мегардад. Яке аз онҳо Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки бо амалҳои разилонаю хиёнаткоронаи устоди бешарафашро зери ниқоби динни мубини ислом амалӣ менамояд. Аммо миллати тоҷик набояд фаромӯш созад, ки оқибати хиёнаткорон хориву зорӣ  аст. Моро зарур аст, ки пеши роҳи онҳоро гирифта нагузорем, ки ба шуур ва тафаккури насли ояндасози миллат таъсири манфии хешро расонад. Ҳол он, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаю пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳо пурра фаъолият намуда истодаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳар вохӯриашон бо ҷавонон таъкид менамоянд, ки бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд.

Шарифзода Маҳмадаюб, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg