БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“БЕШАРАФӢ”-И ЯК НАҲЗАТӢ ОШКОР ШУД

ВОКУНИШ. Шоми 20 январ тавассути шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” филми мустанаде бо номи “Бешарафӣ” намоиш дода шуд. Ин филм аз ҳамоқату бадрафториҳои як наҳзатии фирории дар Аврупо панаҳбурдае бо номи М. Садриддин  қисса мекунад. Филми мазкур бори дигар собит намуд, ки наҳзатиёни террорист дар ҳар гӯшаву канори олам паноҳ бурда бошанд ҳам кирдору рафторашон хилофи арзишҳои диниву мазҳабӣ мебошад.

Дар филми мустанади мазкур бо далелҳо қотеъ собит карда шуд, ки бешарафу риёкоре бо номи М. Садриддин ахлоқи фосиқ дошта, мояи нангу камоли нафрати халқи тоҷику тоҷикистониён аст. Лаҳзаҳои алоҳидаи филм сараввал аз қаллобӣ ва баъдан аз мардумфиребии як морбачаи наҳзатӣ қисса намуд. Ашхоси алоҳида, ки бевосита аз риёкориву авомфиребии як фосиқи гумроҳ ба дод омадаанд, зикр карданд, ки чунин нафарони худбохтаву бадахлоқ ба мисли М. Садриддин дар ҷомеаи кишвари мо на ҷойгоҳ доранду на заруранд.

Ин филм бори дигар собит кард, ки ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи инсонӣ нафароне мавҷуданд, ки барояшон аз номи дину мазҳаб бадахлоқӣ кардан, кори рӯзмарра мебошад. Нафароне дар филми “Бешараф” рафтору кирдори М. Садриддинро барои мардум ошкор карданд, ки худашон бевосита ин маҳлуқи ҳайвонсириштро медонанд.

Воқеан, М. Садриддин аз тоифаест, ки ному шарафи инсонӣ барояшон  ҳаром аст. Ҳарчанд М. Садриддин айни замон дар хориҷ аз кишвари мо паноҳ бурда бошад ҳам, аммо рафтору кирдори беномусиаш барои мардуми сарбаланди тоҷик мояи шармсорӣ мебошад. Кас ҳайрон мешавад, вақте як нафар дину мазҳабро ниқоб карда, бо пуррӯӣ дар шабакаҳои  иҷтимоии интернет барои чанд гумроҳи дигар “вазъ” мегӯяд.

Барои мардуми тоҷик бори дигар филми “Бешарафӣ” рафтору кирдори кулли наҳзатиёнро нишон дод. Филми мазкур асрори ҳарзагӯиҳои як бадахлоқеро ошкор кард, ки реша дар ҷоҳиливу гумроҳӣ дорад. Равоншиносони касбӣ дар филм собит намуданд, ки чунин шахс дар ҳама ҳолат ноҷӯрии равони худро аз дигарон мебинад. Гуфтору ҳарзапароканиҳои махлуқе бо номи М. Садриддин дар интернет ва сомонаи ифротгароёнааш бармегардад ба ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми асри гузашта, ки дар Тоҷикистон ба вуқӯъ омада буд. Нафарони зиёде дар филм иброз доштанд, ки М. Садриддин ҳанӯз дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ба ин бемории равонӣ гирифтор шада буд. Маҳз бадахлоқиҳои падар сабаб шудаанд, ки М. Садриддин дар синни 12 солагӣ аз аҳли байт фирор кардааст. Сабаби аслии бадрафтор шудани М.Садриддин падари ҷоҳилу гумроҳаш будааст, ки бо шарикони наҳзатиаш ба сари мардуми тоҷик ҷанги шаҳрвандиро оварданд. Маҳз наҳзатиёни террорист ҷомаеи тоҷикро ба ҷаҳолат тела доданду худ ба кишвари ҳамсоя фирор карданд. Дар филм ҳамчунин хиёнаткории падари М. Садриддин нисбат ба фирориёни иҷборӣ собит карда шуд. Тавре дар филми “Бешараф” гуфта шуд, саркардаи наҳзатиён саравввал ба волидайни худ хиёнат кард. Табиист, вақте саркардаи як ташкилоти гумроҳон худ ба падару модар хиёнат мекунад, думравону пайравони ӯ кори аҳмақонаи ӯро такрор мекунанд. Агар М. Садриддин инсони комил ва фарзанди падар мебуд, магар дар ҷанозаи падари худ иштирок намекард. Чунон ки аз филм ошкор шуд, М. Садриддин ҳатто дар ҷанозаи падараш, ки дар кишвари Лаҳистон панаҳ бурда буд ва дар ин кишвари бегона аз дунё гузашт ҳатто дар ҷанозаи ӯ иштирок накард. Магар аз ин бештар бешарафию беҳамиятӣ дар ҷаҳон вуҷуд дорад, ки падари худро ба роҳи охират фарзанд гусел накунад?!!!

Филми мазкур бори дигар собит намуд, ки барои наҳзатиёну пайравони гумроҳи онҳо на волидайн арзиш доранду на хешу пайвандон. Филми мустанади “Бешарафӣ”  бозгӯйкунандаи он аст, ки шахси фосиқу бадахлоқ дар ҳама давру замон “радди маърака” ва дур аз ҷомеаи инсонист. Акнун, ки бешарафии як наҳзатии бадахлоқ ошкор шуд, гумон аст, ки дигар гумроҳони наҳзатӣ ҳам аз М. Садриддин бартарӣ дошта бошанд. Як нукта мусаллам аст, ки шахси хиёнаткори Ватану миллат дар кадом ҷомеае ба сар набарад, миёни ҳамагон сархаму беарзишу беҷойгоҳ ва дур аз шарафи инсонӣ боқӣ мемонад.

Шарифзода Гулрухсор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg