БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД...

ВОКУНИШ.  Баъд аз тамошои қисмати 7-уми силсилафилми мустанади «Хиёнат»,ки  шоми 20-уми январи соли равон дар шабакаи телевизионии Тоҷикистон  намоиш дода шуд, бори дигар яке аз чеҳраҳои манфури хоину душмани миллати тоҷикро  назди  ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон равшантар сохт.

Ҳарчанд,ки мо сокинону бошандагони ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон  аз кирдору рафтор ва гуфтори ноҷавонмардонаи ин тоифа хоинон огаҳӣ доштему медонистем, аммо бори дигар баъд аз тамошои ин филми мустанад то ба  ҳадди  ба рафторҳои фисқу фуҷур даст доштану паст кардани шаъну шараф ва фурӯхтани номуси хеш назди афроди давлати ҳамсоя яке аз чеҳраҳои намоёни ҳизби мамнӯи террористиву экстремистии наҳзати исломӣ оғои Муҳаммадиқболи Садриддин,ки бо амалу  рафторҳои ғайришариатии  нангину шармовар ва дур аз расму русуми тоҷикона   ошноӣ пайдо намудем.

Чуноне ки дар урфият мегӯянд: «Забони дӯзду ғар ҳамеша дароз аст».  Мо огоҳ гардидем, ки оғои Муҳаммадиқболи пастфитрату бадахлоқ муддати чанд соли охир, аниқтараш баъд аз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористиву экстремистӣ шинохта ва эълон гардидани  ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар давлатҳои аврупоӣ панаҳ бурда, бо ҳамроҳии якчанд асолатбохта  тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ болои миллату давлати мо санги маломат мезананд. Ӯ  паси дурбинҳои наворбардор худро чунон вонамуд месозад,ки гӯё аз тамоми рукнҳои давлатдорӣ огаҳӣ дораду роҳҳои ҳалли мушкилоту эҳтиёҷоти халқу миллатро танҳо ӯ медонанду мисли фаришта беҷурму бегуноҳ аст. Аммо ӯву ҳамтоёнаш  як чизро фаромӯш сохтаанд,ки ҳеҷ гоҳ Худованд одами бадтинату бадният ва каҷгуфтору  каҷрафторро  ба манзил нахоҳад расонд. Бо ин амалҳои  нангине,ки оғои Муҳаммадиқбол аз овони наврасиву навҷавонӣ ба худ пеша кардааст, пардаи шарму ҳаё ва мардиву мардонагиро аз ӯ рабудааст ва аз нигоҳи банда ва тибқи дастурҳои табибони рӯҳшинос ин одати бади нангин то абад бо ӯ хоҳад монд.

Баъд аз тамошои силсилафилми мустанад дилхоҳ бинандаву шунавандаи  закиро  шубҳаҳое фарогир хоҳад гашт. Аз як тараф, вақте ки ин бешараф бо чунин кирдорҳои ғайришаръӣ машғул аст, эҳтимол аст,ки бо падари маънавии худ оғои Кабирӣ, ки пайваста шоу- барномаҳои бепояву беасосро таҳрезиву роҳандозӣ менамояд, шояд муоширати маҳрамона низ дошта бошад.

Аз тарафи дигар  он ҳамтоёну ҳаммаслакони ин инсони паст шояд бо ин касофат алоқаи маҳрамона доранд ё худ мисли ӯ танфурӯшанд.

Хулоса мо сокинони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз Муҳаммадиқбол барин инсонҳои танфурӯшу бенангу беномус безорему нисбаташон бори дигар  нафрат пайдо кардем.

Неъматов Абдуҷаббор, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg