БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАОРИФЧИЁН” ДАР СОЛИ 2020

А.ҶОМӢ. Маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳия таҳти раёсати коргузори ташкилоти ибтидоӣ Абдукарим Гадоев ва бо иштироки Қосимова Назокат мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  баргузор гардид.

Нахуст ҳисобот аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар соли 2020 аз ҷониби коргузори ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии мазкур Гадоев Абдукарим шунида шуд. Тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳия  як қатор муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактабӣ ва майдончаҳои варзишӣ барои муҳассилин сохта ба истифода дода шуданд.             Ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани эҳсоси худогоҳии миллӣ ва хештаншиносӣ, ба ин васила пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, пешгирии бегонапарастӣ, ҳидояти ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ сухан рафт.

Сипас,  Назокат Қосимова мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  зимни баромади худ афзуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону бонувон дар идоракунии давлат бештар мегардад. Саҳми занону бонувон дар ҷомеаи имрӯза назаррас буда, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Теъдоди занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст. Дар соли хониши сипаригардида дар баробари дар пайравӣ аз иқдомҳои Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 нафар фаъолони ТҶҶ "Созандагони Ватан" аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия барандаи Стипендияи ноҳиявии ҲХДТ буданд.

Дар охир фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур  дар соли сипаришуда  хуб арзёбӣ гардида,вазифаҳои навбатӣ дар соли нав муайян карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg