А.ҶОМӢ. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Конференсияи XXI ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барпо гардида, дар он се масъала- пешбарӣ намудани номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, дар ҳавзаи интихоботии №64-и қаламрави ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ивази вакили хориҷшуда, пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар ҳавзаҳои интихоботии № 9 ва №31 ба ивази вакилони хориҷшуда ва таъсиси Ситоди пешазинтихоботии номзадҳои ҲХДТ ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии ҳавзаҳои вилоятии №64 ва ҳавзаҳои ноҳиявии №9 ва №31-и ноҳиявӣ ба ивази вакилони хориҷшуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Оиди масъалаи якуми рӯзномаи конференсияи ҳизбӣ дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, дар ҳавзаи интихоботии №64-и қаламрави ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ивази вакили хориҷшуда қайд гардид,ки дар асоси қарорҳои №№108,109 Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 25 декабри соли 2020, "Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Саиди Ёқубзод дар ҳавзаи интихоботии №64-и вилоятӣ, ки дар қаламрави ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дохил аст, санаи 21 феврали соли 2021, дар ҳавзаи интихоботии мазкур баргузории интихоботи вакил ба ҷои вакили хориҷшуда таъин гардидааст.
Вакилон бо дарназардошти ин барои пешбарӣ дар ҳавзаи интихоботии №64 ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон номзадии узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам Раҳимро пешниҳод намуда, якдилона дастгирӣ намуданд.
Ҳамчунон дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз 28 декабри соли 2020, №37,38 ва 39, бинобар сабаби аз ҳудуди марзию маъмурии ноҳия баромада рафтани вакилон Шокимова Дилрабо аз ҳавзаи интихоботии №9 ва Саиди Ёқубзод аз ҳавзаи интихоботии №31-и ноҳиявӣ ваколатҳояшон қатъ гардонида шуда, дар ҳавзаҳои интихоботии мазкур низ интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бар ивази вакилони хориҷшуда таъин гардидааст.
Вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда барои пешбарӣ намудан аз ҳавзаи интихоботии №9 номзадии мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимова Назокат ва аз ҳавзаи интихоботии №31 номзадии муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Хайрулло Ҳафизулло Сайдулло ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун номзадҳои ҲХДТ пешниҳод шуданд.