БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АФСАРОНУ САРБОЗОН - СИПАРОНИ ВАТАН

ДАНҒАРА. Тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои  таблиғотӣ ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2020 баён доштанд, оид ба ташкили вохӯрӣ бо афсарону сарбозон бурдани корҳои тарғиботиву ҳувияти миллӣ, муҳаббат ба Ватан-Модар гиромидошти арзишҳои олӣ, чун ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, имрӯз дар қисми низомии  13483- “Б”-и ноҳияи Данғара вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ ва инчунин, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, қисми зиёди модарони афсарону сарбозон бо сарбозону афсарон вохӯрӣ доир намуданд.

Сипас, аз тарафи ҳукумати ноҳия барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинӣ бо афсарону  сарбозон бозиҳои шавқовари  варзишӣ, аз қабили волейбол, футбол, шашка ва барномаи консертӣ баргузор гардида,  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ба афсарону  сарбозон дастархони  идона бахшида ба ин чорабинӣ ороста шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg