БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕШАРАФӢ - ТЕША ЗАДАН БА РЕШАИ МИЛЛАТ

ВОКУНИШ.  Албатта шараф чизест, ки ба ҳар шахс муяссар намегардад. Аслан ба он шахсоне, ки нону намак хӯрда ба намакдон туф мекунанд, ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Иззат Амон ва тамоми ҳаммаслакони ин бешарафҳо, умуман шарафро бо занҷир дар баданашон қулф бизанӣ намеистад.

Вале, пахши филми ҳуҷҷатии мустанади “Хиёнат” қисми 7 таҳти унвони “Бешарафӣ” ҳар як шахси худогоҳу худшиносро ба фикру андешаҳои дур водор месозад.

Муҳаммадиқболи Садриддин дар дил ҷуръати мардонагӣ надошта, бо роҳи макру фиреб ҳамватанони худро дар доми фиреб афтонда ба мисли паразит - кирме, ки бе заҳмат аз ҳисоби дигарон рӯз ба сар мебарад, истифода бурдааст.

       Аҷаб номардҳо дорад замона,

       Ба сар тоқӣ, ба дил феъли занона.

       Ба пешат гап занад чун шоирона,

       Хабарат мебарад хона ба хона.

Бо исботи зиёде, ки дар филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” оварда шудааст, ба ҳама гурӯҳҳои хоинону ҳаммаслакони ин бешарафон ва беномусони ба мисли Кабирӣ, Шарофиддин, Иззат ва дигар пайравонашон ҳаминро мехоҳам бигӯям: шумо занҳое мебошед, ки аз ҳисоби хоҷагонатон рӯз бурда, шарафу номусатонро фурӯхта, ҳатто дар никоҳи хоҷагонатон қарор доред !

Имрӯз бошад, Муҳаммадиқболро низ гурӯҳҳои ифротӣ ва хоинони миллат афсун карда, гумроҳ сохтаанд ва гурӯҳи иғвоангези занона ташкил кардаанд, ба ин тоифа одамсурати ҳайвонсират лаънат мехонам ва ҳамагуна даъвою дассисабозиҳои ин хоини ватанфурӯшро ҳамчун як шаҳрванди бонангу номус маҳкум мекунам.

Каримов Лоиқҷон, сокини ноҳияи Темурмалик

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg