БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРАФ ЧИЗИ ТАҶОВУЗНОПАЗИР АСТ...

ВОКУНИШ. Воқеан ҳам дар марҳалаи имрӯза  Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол  баҳри татбиқи ҳадафҳои неки миллати озодандеши хеш ба сӯи фардо таҳти сиёсати  роҳбари  наҷибу сулҳпарвар ва ваҳдатофари худ, Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  гомҳои  устувореро  ниҳода  истодааст.

Мутаассифона, садҳо афсӯс, ки дар  баробари  хамаи  ин  ақалиятҳое  низ  ба мисли роҳбарону тарафдорони собиқ Ҳизби наҳзати Исломи дар Тоҷикистон мамнӯъ ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин  вуҷуд доранд, ки дар хориҷа нишаста, тариқи шабакаҳою сомонаҳои  интернетӣ  ба  паст задани  арзишҳои миллии миллати тоҷик бо истифода аз маблағҳои хоҷагони хориҷиашон  даст  зада  истодаанду худ фаромӯш намудаанд,ки гузаштаи пур аз айбу гуноҳ ва фисқу фасод доранду  чун  аблаҳе  пайи  ҷӯстани  айби  касонанд.

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон,

Бошад андар ҷустани айби касон.

Пахши  филми  ҳуҷҷатии  "Хиёнат-7" таҳти  унвони  "Бешарафӣ", ки  бо иштироки бевоситаи  ҳаммаслакон,  ҳамсинфону  ҳамсояҳояшон Ҳаким Қаландаров, Сулаймон Бақоев, Ғафурзода Музаффар, Шаҳло Насруллоева ва ғайраҳо  ва ҳатто шоҳидони  намояндагони  афғон, ки ба чашми  сар  дидаву  аз  зиндагинома ва ҳолу  аҳволи  аҳли  байти  Садриддиновҳо  қисса  мекунанд, ҳар  шахси  худшиносу худогоҳро  ба  фикру  андешаи  дур  водор  месозад,ки ин  тоифаи  дар  гуноҳҳои  азим  ғарқгашта  чӣ  тавр  метавонанд,ки  ношармидаву беномусона  ба  аҳли  муъмину  мусалмони  дар  мазҳаби  ҳанафӣ   буда,  роҳнамоӣ  кунанд.

Эй фарди мусалмон ҷои ҳайрат нест, ҷои тавба аст.

Аҷаб намардумон дорад замона,

Ба сар тоқӣ ба дил феъли занона.

Чӣ тавре,ки дар филми мазкур  аз суханронии   рӯҳшиносони  машҳури  кишвар овардаанд, дар    симо ва мисоли  Муҳаммадиқболи Садриддин қариб ҳамаи ифротиён, маҳз ҳамаи роҳбарону аъзои ташкилоти террористиву экстремистии ҲНИ бо тарафдоронашон имрӯз яке аз роҳ хиёнат ба миллату Ватан даст задаву барнагаштанашон, ана ҳамин барин нуқсонҳои рӯҳӣ доранду аз хориҷи кишвар истода худашонро Паймони миллӣ ном бурда бо ҳар роҳу восита мехоҳанд,ки аз ҳисоби ҳамватанонамон, маҳз аз ҳисоби ҷавонони муҳоҷири мо  теъдоди хиёнаткорон ва ҳамсафону ҳамдардҳои худро бештар  намоянду  бо  ин  роҳ  АСТАҒФИРУЛЛОҲ  сафи  беномусону  бешарафонро зиёда  гардонанд.

Кас аз тамошову суханрониҳои  Муҳаммадиқболи  Садриддин пайхас менамояд, ки ӯ  ҳам нуқсони рӯҳӣ дораду ҳам  ҳасаду нафрати зиёде ба мардуми осоиштаи Тоҷикистон дорад, ки вақти изҳори ақида истифода аз пуштибонии Ислом ва тоату ибодат оҳиста -оҳиста дар охири сухан мардумон ба ташвиқу тарғиби ақидаҳои зиддидавлатӣ даъват менамояд.

Аз ин бармеояд, ки мавсуф на он чизеро мехоҳад,ки дини поки Ислом онро пазируфтаасту мазҳаби Имоми Аъзам онро пайравӣ менамояд, балки ниятҳои нопоку разилонаашон нисбати ҳар фарди миллат буда, мазҳаби Имоми Аъзамро ба равияю мазаҳабҳои дигар олуда кардан мехоҳад, оқибат ана ҳамин бачабозиву никоҳи сиға гуфтаниро ҷорӣ карданианд.

Мусаллам аст, ки дар баробари ҳамаи ин овардаҳои филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ"  аз сарчашмаҳои баъзе маълумотҳои дигаре,ки аз гуфтаҳои собиқ ҳамсафонашон ифшо гардидааст, Муҳаммадиқбол қариб бо ҳама ҳамсафонашон ҳатто Кабирии мазҳабфурӯшу хоин мардҳои занҷаллобанду мардумозор, хоҳарону модарони зиёди ҳаммиллатони моро дар дохилу хориҷи кишвар сарсону саргардон намуда, боз ҳам бешарафона мардумро аз амри маъруф огоҳ кардан мехоҳанд.

Эй,ки моро аз ислому одамгарӣ насиҳат мекунӣ,

Худ агар одам шавӣ олам гулистон мешавад.

Бо исботи зиёде,ки  дар филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ" оварда шудааст, бояд  ба ҳама онҳое, ки   нав ба ин гурӯҳи хоинон пайвастаанду ё мехоҳанд пайванданд, дарси ибрате бошад,ки ба доми чунин шахсиятҳои хоину мазҳабфурӯш ва беиффату бешараф наафтанд.

Ба мисли ҷабрдидаҳое,ки дар филм оварда шудааст аз дасти ин тоифа инсонҳои ғарқ аз гуноҳ дар дохилу хориҷи кишвар ҷабрдидаҳо зиёданд ва Иншо-Аллоҳ,ки дуои ин ҷабрдидаҳо рӯзе мустаҷоб мегардаду ин дунёву охирати Муҳаммадиқболу ҳамсафонаш ба ҷаҳаннам  табдил мегардад.

бешарафӣ пасттарин хулқи инсонист,ки аз ҳайвони ҳаромтарин, яъне хуг камӣ надораду миёни аҳли башар беэътибору бешараф аст, зеро бузургон фармудаанд,ки ;

Шараф чизи таҷовузнопазир аст,

Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст.

Муҳаммаддовуди Муҳаммадалӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg