БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«БЕШАРАФӢ» САҲИФАИ ДИГАРИ ХИЁНАТИ КАБИРӢ ВА МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН

ВОКУНИШ. Қисмати ҳафтуми филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки тавассути тамоми шабакаҳои телевизионӣ зери лавҳаи «Бешарафӣ» намоиш дода шуда истодааст, дар фаъолияти хиёнаткорона, разилона ва бешарафонаи роҳбари ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби Наҳзати Исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, саҳифаи нави нангину беномусист. Зеро маҳз тавассути Кабирӣ шахсияти дигар, яъне Муҳаммадиқболи Садриддин ба фиребу найранг ва хиёнатҳои бешарафонаи роҳбари ин ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби Наҳзати Исломӣ шомил гардида, номуси инсонӣ ва аламовартар аз ҳама номуси мардии худро аз даст дод.

Шараф ва номус барои ҳар як инсон дар ҳаёт танҳо як маротиба муяссар мешавад. Вале гоҳҳо ин номус ва шарафи инсонӣ баъзе ашхосро тарк менамоянд, ки сабабгораш метавонад дигарон бошанд. Муҳаммадиқболи Садриддин ҳангоме, ки ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчун муҳоҷири иҷборӣ сафар кард, гумон надошт, то мерасад он рӯзе, ки ӯ ва ҳаммаслаконаш ба доми фиребу хиёнатҳои Муҳиддин Кабирӣ афтидаву номуси худ аз даст медиҳад.

Воқеан боиси таассуф ва нигаронист, ки як нафар аъзои ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин имрӯз аз минбарҳои  мамлакатҳои хориҷи кишвар дар боби дини Ислом ва покию назофати ин дини муқаддас сухан мегӯяд. Ҳол он ки ӯ шояд фаромӯш кардааст, ки замоне дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шабнишиниҳои қумондонҳо либоси занона ба бар кардаву рақс мекард. Баъди ин шабнишиниҳо бошад, Муҳаммадиқболи Садриддинро ин қумондонҳои сарсахти саҳроӣ таҷовуз ба номусаш мекарданд. Пас ӯ чигуна имрӯз бо кадом рӯй метавонад рӯйи минбар баромадаву дар боби ислому назофат ва покии инсон сухан гӯяду мардумро дар асоси фармудаҳои шариат ба сӯйи роҳи рост даъват намояд?!.

Сайдамир Гафуров, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg