БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОЙИ МУҲАББАТРО НАФРАТ ГИРИФТААСТ

ВОКУНИШ. Шаби 21 январи соли равон, соати 21-00 тавассути шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон филми мустанади ҳуҷҷатии “Хиёнат”  қисми 7 -ро тамошо кардаму  ҳамчун як фарди бедордил нафратам ба саркардагону бастагони ТЭТ ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ даҳчанд гардид, зеро ки ин навбат намоиш дар бораи наврасе буд, ки аз буттаи хеш оташ аланга задаву ӯро сӯхтааст, Муҳамадиқболи Садриддин  буд.

Бачаи дувоздаҳсолае, ки ба гирдоби хаёлотҳои хому пардозҳои носолими падари хеш ба ботлоқи ҷаҳолат гирифтор шуда ва имрӯз қасди қисмати талхи худро аз Ватану миллат гирифтан мехоҳад. Мусаллам аст, ки ҳар шахсе, ки агар дар ҳаёт аз падари худ зарба дида бошад, ӯ қодир аст, ки ҳар касеро хосса роҳбарону сарварон ва ҳатто раиси деҳа ва ё кӯчае, ки дар он ҷо истиқомат мекунад, гунаҳгор созад.

Муҳамадиқболи Садриддин имрӯз дар Аврупо паноҳ бурда, мушти ҷаҳолату бадбиниро ба сӯи давлати хеш мекашад, ки ин мутлақо хато аст. Он мушт набояд ба сӯйи давлату миллат, балки ба сӯйи падар ва саркардагони ТЭТ ҲНИ равона карда шавад, зеро гунаҳгори аслӣ роҳбарону давлати Тоҷикистон не, балки ёру навкарони наҳзат мебошанд, ки аз як бачаи дувоздаҳсола, як бадбахти бешарафро тарбия намудаанд. Ин аст кашф, сир, мақсаду маром, самараи наҳзат, ки ҳоло танҳо дар бораи якеаш бо номи Муҳамадиқболи Садриддин қисса карда шуд.

Ба қавли Саъдии бузургвор;

Партави некон нагирад, ҳар кӣ бунёдаш бад аст,

Тарбия ноаҳлро чун гирдакон бар гунбад аст.

Оре, насли фассоди инон мунқатеъ кардан авлотар аст ва бехи табори эшон баровардан, ки оташ нишондану ахтар гузоштан ва афъӣ куштану бача нигоҳ доштан кори хирадмандон нест.

Таҷовуз ба номус ва аз ҳама бешарафӣ “бачабозӣ” ва ба василаи он ба тан кардани либоси занонаву овезон кардани тавқ дар гардан ва зангула андохтан дар пой шарафи мардиро зери суол бурда, инсонро ба вартаи нобудӣ мерасонад, албатта инсони бошарафро.

Лек ин воқеъиятҳои талх барои Муҳамадиқболи Садриддин мисли боди даргузаре гаштааст, ки замоне омаду рафт. Муҳамадиқболи Садриддин аз ин ҳодисаҳои нангин сабақи дуруст нагирифта,  баръакс кори бешарафии худро дар дигар минтақаҳои давлати Исломии Афғонистон, сипас дар Покистону Луҳур ва билохира дар Аврупо ба қавли гумонҳои “худам шоҳу таъбам вазир”  то ба имрӯз давом дода истодааст.

Филми навбатии ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисми 7-ум бозгӯи таҳқиру танқид ва паст задани шарафу номуси касе нест, балки нишон додани воқеъияти талх, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, шармгину покнашаванда боқӣ гузоштааст. Ин воқеъият Муҳамадиқболи Садриддинро дар чораҳаи пурпечутоби зиндагӣ ба бозича, қурбонии дасти дигарон табдил дода, маҷрои ҳаёташро ҷониби дунёе бурдааст, ки он ҷо танҳо дассисаю моҷаро, худбохтагию бегонапарастӣ, найрангу тақаллуб, разолату хиёнат, бенангию беномусӣ ҳукмфармо буданд.

Инсони комилро ин сарнавишти талх бояд бошараф, бонанг ва боимон мегардонид, на бешарафу хиёнатпеша. Инсони комил бояд аз нокомиҳои зиндагӣ сабақи хештан биомӯзаду худро дар ҷодаи ҳаёт пайдо созад ва дар ҷое, ки хешро пайдо сохт бояд бимонад, ин аст оини мардӣ, рисолати ватандорию ватансозӣ. Зеро ки дар он гирдоби даҳшати соли 1990-1992 на танҳо Муҳамадиқболи Садриддин қурбонӣ гашта буд, зеро ки бештари мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла наврасону ҷавонон осеби тақдир дида буданд, ки дар зиндагӣ тавонистанд тақдирро тадбир созанду хештанро аз ҷаҳолат ба некрӯзиҳо расонанд. Албатта аз ҷаҳолат ба некрӯзиҳо расидан кори мардони бошараф аст, на кори бешарафе чун Муҳамадиқболи Садриддин...

 

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.

Ҳар беша гумон мабар ниҳоле,

Бошад, ки паланг хуфта бошад.

Мақсуд Раҳматуллоев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg