БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФИЛМИ «БЕШАРАФӢ» ПАСТФИТРАТИИ ОН НОХАЛАФОНРО БОЗ СОБИТ КАРД

ВОКУНИШ. Халқи тоҷик он рӯзҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Бо тамошои филми «Бешарафӣ» ҳар як сокини кишвар аз пастфитративу нобакории хоинони кишвар, ба мисли Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, шогирдони онҳо ва хоҷагони хориҷии онҳо хуб дарк намуданд, ки онҳо то чи андоза дар ҳаққи мардуми тоҷик ва Тоҷикистон хиёнати бузург кардаанд, вале чи тавре ки мегӯянд: Забони дузду ғар дароз аст» боз шарм надошта, аз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ нисбати рушду тараққиёти Тоҷикистон дурӯғбофиҳо ва туҳматҳо карда, пешрафту ободии кишвар ва хизматҳои беандозаи Роҳбари давлатро нодида мегиранд. Ҳол он ки ҳамаи мо медонем ва шоҳидем, ки чи қадар Тоҷикистони мо дар ҳама бахшҳо рушду нумуъ карда, ба як сарзамини ободу осуда ва гул-гулшукуфон табдил ёфтааст ва ин созандагиву ободкориҳо торафт афзунтар гардида истодаанд.  

Мардум дигар кӯр нестанд, чашми онҳо боз гашт, дигар ба фиреби он нобакорон худро гирифтор намекунанд. Зеро он азобу шиканҷаҳо ва дур аз Ватан мондану дар кишвари бегона сагвор зистан иродаи халқро мустаҳкам кард, ба онҳо қуввату ҷасорат бахшид, ки ба ин рӯзҳои беҳтарин расиданд. Ҳамин сулҳу тинҷӣ, озодона кору фаъолият кардан худ як давлат аст. Чаро мо аз ин неъмат ношукрӣ кунем, ба гуфтаи шумо- касифон бовар кунем? Ҳаракату ҷорзаниҳои шумо-шармандаҳои ин дунёву қиёмат бефоида аст. Бас дигар дурӯғу туҳматҳои беасос ва ҳарзагӯиҳо! Бешарафии шумо натанҳо ба миллати тоҷик, акнун ба ҷаҳониён низ маълум гашт.    

Акнун мо-ҷавонон бояд дар фикри ояндаи диёр бошем, кӯшем,то онро боз ҳам ободтар кунем ва нагузорем, ки чунин душманони бадтинату нопок ба ғаразҳои бади худ бирасанд.   

Умедаи Акрамзода, корманди КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg