ҶАЙҲУН. Бо ибтикори кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун бо устодон ва хонандагони Литсейи касбӣ-техникӣ дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбат масъулин оид батаърихи таъсисёбии ҳизб, фаъолияти босамари ҳизб, барномаи ҲХДТ, саҳми ҳизбиён дар ҳаллу баррасии бисёр мушкилоти ҷомеа ибрози андеша карда шуд. Таъкид гардид, ки барномаи ҲХДТ дурнамо ва рушди тамоми самтҳои муҳими ҳаёти кишварро дар бар гирифта, ҷиҳати пешрафти онҳо саҳмгузорӣ менамояд. Нақши ҲХДТ дар пешрафту рушди самтҳои муҳиму афзалиятнок беандоза ва нотакрор аст.