ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо як гурӯҳ волонтёрони ҷавон дар кӯчаву роҳравҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус, сарфакорона истифодабарии қувваи барқ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ аксияи тақсимоти маводҳои таблиғотӣ баргузор намуданд.
Дар ин рӯз аз тарафи волонтёрон ва масъулини Кумитаи иҷроия варақаҳо оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар ҳаҷми 800 адад тақсим карда шуд. Ҳамзамон баъзе маслиҳатҳо оиди истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ба сокинон дода шуданд.