ФАРХОР. Дар доираи нақша - чорабиниҳо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба тарғибу ташвиқи сарфакорона истифодабарии барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он ва инчунин, пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди маҳалаҳои ноҳия гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат масъулин оид ба аҳамияти сарфакорӣ дар истифодаи барқ сухан ронданд.
Инчунин, зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба оилаҳо варақаҳои тарғиботӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID -19 тақсим карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ диҳанд ва тавсияҳои духтуронро риоя намоянд, бе зарурат аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд.