БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪСИРИ МАНФИИ НАҲЗАТИЁН ДАР КОСТА ГАРДИДАНИ АХЛОҚИ ҶОМЕА

ВОКУНИШ. Воқеан баъди тамошои филми ҳуҷҷати бо номи «Хиёнат», ки тариқи шабакаи телевизионии Тоҷикистон пахш гардид, ҳар як фарди соҳибақлро ба андешае водор месозад. Дар рафти тамошои филм маълум мегардад, ки ба таъсири ҲНИ имрӯз дар ҷомеа ахлоқи ҷавонону наврасон коста гардида, мисоли онро мо дар шахсияти  Муҳаммадиқболи  Садриддин, ки аз хурдӣ бо таъсири падараш бо лақаби Мулло Қаландар ба корҳои ношоиста  даст зада,  дар  ҳаёт  роҳи  худро  гум карда, бо роҳи қаллобию одамфиребӣ машғул гардида, чандин шаҳрвандони тоҷикро ба доми худ кашида, аз молу дороияшон бенасиб гардонидааст. Шаҳрвандоне, ки ба доми ин ҷавони бадахлоқ афтодаанд нисбати рафтори ноҷавонмардонаи ӯ бо эҳсосот сухан карда афсӯс мехӯранд, ки чунин шахсони бешарафу бевиҷдон ҳоло ҳам ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷикро халалдор намуда,  авзои ҷомеаро ноором месозанд. Наворе, ки нисбати кирдорҳои наҳзатиёни хиёнаткор намоиш дода шуд,  моро водор месозад,ки дар таълиму тарбияи фарзандон ва атрофиёни худ бетраф набуда,  барои пешгирии ин ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  чун ҲНИ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоем. Ҳолатҳое, ки дар рафтору кирдори бадахлоқонаи ин шахсият мушоҳида гардид,  боиси таассуф буда,  ба ҳолати равонии ҷомеа таъсири зиёд расонида метавонад.Бинобар ин моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо роҳи фаҳмондадиҳӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва дастгирии бевоситаи сиёсати  ҷавонпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихорманд буда, бар зидди чунин падидаҳои номатлуб, ки ба воситаи телевизион пешкаши сокинони мамлакат гардид,  доимо муборизаи беамон бурда,  баҳри эмин нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот, солимии фарзандон ва аҳли ҷомеа кору фаъолият намоем. 

Раҷабзода Гулсунбӣ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg