БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҷрибаи Сурияву Ироқ барои ҷаҳониён дар шинохти чеҳраи воқеии терроризм боиси ибрат аст!

ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Навободи поёни ҷамоати деҳоти Зафар баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба хатарҳои терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон аз ташкилоту ҳаракатҳои террористию ифротӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ ва рушди устувори иқтисодӣ баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум, ки яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ мебошад, суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар дар назди ҷамъомадагон баромад намуда,  қайд кард, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро хатарҳои терроризму экстремизм ба ташвиш овардааст. Ҳаракату ташкилотҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Барои мисол, ҳамин кофист, ки аз зиндагии чанде аз онҳое, ки ба Сурия рафтаву даст ба сина зада «Мо ҷиҳод мекунем» гӯён аз тариқи шабакаи интернет таблиғот мебаранд, шинос шавем. Бештари онҳо дар гузашта ё дузду ҷинояткор будаанд ё нашъаманд. Ба андешаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Ин гуфтаҳои Пешвои миллатро тасдиқ карда,  гуфтаниам, ки ислом ҳаргиз ҷонибдори  одамкушӣ набуд ва мусалмон террорист нест ва террорист хеҷ гоҳ мусулмон шуда наметавонад.

Сипас, мудири шубаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба сокинон шарҳ дода, ибрози ақида намуд, ки мо бояд дар таълиму тарбияи фарзанд ҷиддӣ бошем, чунки омили асосие, ки сабабгори ба роҳҳои бад рафтани ҷавонон мегардад ин тарбияи нодуруст ва беназоратии падару модар мебошад.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg