БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРАФ ВА ШАРАФМАНДӢ-ҲОЛАТИ ҲАМИДАИ МАРД

ВОКУНИШ. Чанде пеш тавассути телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ филми мустанади “Бешарафӣ” ба намоиш гузошта шуд. Ҳамзамон имрӯзҳо ин филм  дар ҷомеаҳои меҳнатӣ, ташкилоту муассисаҳо шаҳрвандон тамошо намуда, ба таҳиягарон аҳсан мехонанд. Перомуни мазмуну муҳтавои он дар воситаҳои ахбори омма даҳҳо мақола ба табъ расид, чандин муроҷиатномаҳо қабул шуданд ва айни замон ҳам, мардум филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ”-ро тамошо карда, андешаҳои худро бобати мазмуну муҳтавои он баён медоранд.

Банда бо тамошои филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” бори дигар  бо симои аслии наҳзатиҳо аз наздик ошно гардида, ба хулосае омадам, ки эшон барои мансаб ва молу бойгарӣ ҳатто омодаанд шараф-муқадастарин омили мардии худро зери по кунанд. Бо тамошои наворҳои филми мазкур нафрати ман ба ин гурӯҳи одамон, ки дур аз марзи Тоҷикистон бо кумаки хоҷагони хориҷиашон, ҳарфи “озодӣ” ва “демократӣ” мезананд, дучанд гардид.

Пӯшида нест, ки собиқ ҳизби террористию экстремистии наҳзати исломи кишвар ҳамин гуна шахсони манфуру бадахлоқ кам набуданд. Маҳз бо ин кирдорҳои зишту ваҳшиёнаи худ тавонистанд мардуми Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида, барои соҳиб гаштан ба давлату савлат қаллобию бадахлоқиро пешаи асосии худ ихтиёр карда, бархе аз онҳо номуси мардиро аз даст доданд.

Филми ҳуҷҷати “Бешарафӣ” оинаи ҳақиқат намоест, ки дар баробари инъикоси воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта парда аз рӯи амалҳои зишт, хоиниву ватанфурӯшии як зумра душманони миллату давлат ва ташкилоти террористию экстремстии ҳизби наҳзати ислом мебардорад. Нишон медиҳад, ки Муҳаммадиқболи Садриддин  чӣ гуна инсонҳои нопок ҳастанд.

Дар филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” ягон чизи бофтаю хаёлӣ нест. Ҳар cyxaн бо овардани далели қатъӣ, навору аксу ҳуҷҷат ва шаҳодати шоҳидони замон тасдиқи худро меёбад. Падидаи ҷолиб андешаҳои худро нисбат ба Муҳаммадиқболи Садриддин  баён доштани ҳамдеҳагон ва хешу табори ҳамсафони собиқаш аст. Ҳар гуфтаи онҳо, нафрат доштану ҳазар карданашон далели равшану раднашавандаест, ки ин симои манфурро бо тамоми зиштиҳояш таҷассум месозад.

Дар бораи филми ҳуҷҷати “Бешарафӣ” соатҳо ҳарф занем, кам аст. Зеро он ба ҳама гуна таъриф арзанда мебошад. Аз ҳама асосиаш дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яроқи ва аслиҳаи тавоно будани филми мазкур аст. Ягон нафар, аз ҷумла худи он палидону ватанфурӯшони пайрави Муҳаммадиқболи Садриддин эрод гирифта наметавонанд, ки фалон лаҳзаи филм аз ҳақиқат дур ё сохт бофта мебошад.

Тамошои филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” дар самти мазкур, шинохтани дӯсту душман, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳидояти ҳамдигар ба бунёдкорию созандагӣ метавонад ба мо сабақи бузург диҳад.

Боварии комил дорем, ки ҳамдиёрони азиз ин нуқтаи муҳимро хуб дарк менамоянд ва роҳ намедиҳанд, ки дар ин марзу буми пок боз чунин шахсони бешараф ба камол расанд.

Сайфуддинов Раҳматулло, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg