БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҲАММАДИҚБОЛ . . . ҚУМАНДОН ҒУЛОМ

ВОКУНИШ. Мо ҷавонони ноҳияи Кӯшониён аз тамошои Филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ", ки мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани вақеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст мебошад, бори дигар огаҳ шудем.

Воқен ҳам он даҳшату, ваҳшат қатлу хунрезӣ харобиҳое, ки саркардагони ин  ташкилоти террористиву экстремистии собиқ  ҲНИ бар сари ин миллати тоҷик овардаанд аз тамошои филми дар болозикршуда баръало дида мешавад. Гунаҳгорони ҷанги сангину нангине, ки дар байни мардуми тоҷик рух  дода буданд,  аъзои наҳзатиҳои торрорист буданд ва ин пурра собит гашт ва ҳоҷат ба такрори ин мавзуъ нест.

Дар воқеъ яке аз аъзои наҳзать, ки истифода аз номи ислом мардумро гумроҳ карда буд, ин падари Муҳаммадиқбол, Қаландари Садриддин мебошад, ки ӯ соли 1985 аз тарафи суди шаҳри Қӯрғонтеппа барои бо ҳайвон муносибати бадахлоқона кардан  ба якуним сол аз озодӣ маҳрум карда шуда буд. Қаландари Садриддин баъди адои ҷазо барои гурез аз ин шармадагарӣ, ки дар байни мардум овоза шуда буд,  чандин маротиба ҷои зисташро иваз мекунад.

Қаландари Садриддин фарзанди худ Муҳаммадиқболро  барои сабақи динӣ гирифтан ба домуллоҳои бонуфузи он замона бо номи Муллошариф тоҷике, ки ӯ низ яке аз гурезаҳо буд ба назди ӯ месупорад. Баъдан дар минтақаи Кампи Амиробод қумандон Ғулом гуфтанӣ афғоне бо бародари худ дар ин минтақа нуфузи калон доштанд, рӯзе Муҳаммадиқболро дар кӯча дида ба қумандон Ғулом  маъқул шуда,  баъдан қумандон Ғулом ба навкарони худ амр медиҳад, ки бо ҳар роҳе, ки набошад  ҳамин навраси  тоҷикро гирифта ба назди ман биёред ва оқибат бо пули калон Муҳаммадиқболро  аз Муллошариф харида гирифта, ба назди қумандон Ғулом  мебаранд.  Дар давоми як соле, ки Муҳаммадиқбол бо ҳамроҳии ӯ буд, қариб ҳар рӯзу шаб Иқболро либоси занона пӯшонида, ба пои Иқбол зангӯла баста, дар аввалҳо маҷбур мекард, ки дар назди ӯ рақсу бозӣ намояд ва хушҳолии худро бо ҳамин роҳ таъмин мекард.

Баъдан Муҳаммадиқболро ба ин  кор ром намуд. Сипас падараш ӯро аз қумандон Ғулом бо пули калон мехараду аз шармандагӣ боз ҷойи зисти худро иваз мекунад. Муҳаммадиқбол, ки ба ин кори бадахлоқона олуда шуда буд, ба ҳар ҷое, ки мерафт, корашро давом медод.

Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма мегирад. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад.

Оила дар пайдоиш ва шаклёбии тарбияи фарзанд, нақши муҳим мебозад.

Воқеан ҳам  илм кайҳо исбот кардааст, ки амалкарди ҳар як шахсият аз хислати хуби ӯ берун меояд аз тарбияе, ки дар хонавода гирифтааст аз анъанаҳое, ки барои ин хонавода хос буданд аз муҳите, ки шахс дар оғуши он ба воя расидааст, мутаассифона Муҳаммадиқболи Садриддин маҳз қурбонии муҳите гаштааст, ки падараш ва ҳамдастони падараш аз ТТЭ ҲНИ ба вуҷуд оварда буданд. Муҳаммадиқбол низ  яке аз онҳост, ӯ дар ҳақиқат навраси бегуноҳе, буд, ки бидуни ихтиёри худаш ба саҳнаи даҳшатноку пасипардагии ҳаёти хоси доираҳои ифротӣ кашида шуд. Дар филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ" воқеан ҳам амалҳои хоинона, муғризона, ноҷавонмардона ва душманонаи Муҳаммадиқбол дида мешавад.

Шеров Сунатулло, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg