БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЭТ ҲНИ -МАКТАБИ БЕШАРАФОН

ВОКУНИШ. Қисми 7-уми филми мустанади «Хиёнат»-ро тамошо карда, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ТЭТ ҲНИ дубора чеҳраи аслии Муҳаммадиқболи Садриддинро ошкор намуд. Нафаре, ки ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардонагиву номуси мардӣ сухан мегӯяд, пас аз ошкор шуданаш чун як бешарафу беномус дигар чӣ мегуфта бошад? Дар ҳақиқат бархе аз одамон ҳеҷ гоҳ аз амалҳои номатлубе, ки барояшон одат шудааст, пушаймон намешаванд. Чуноне дар урфият мегӯянд: «Тарки одат- амри маҳол». Муҳаммадиқболи Садриддин ҳам аз одате, ки барояш муқаррарӣ гаштааст, пушаймон нест. Вале барои нафаре, ки номуси мардонагиро аз даст додааст, чӣ гуна метавонад номуси миллӣ дошта бошаду аз боби меҳану меҳанпарастӣ ҳарф гӯяд. Бешарафии Муҳаммадиқболи Садриддин то ҷое расидааст, ки номус ва имону виҷдони худро низ аз даст додааст. Чунин афроди нохалаф ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамзамон қаллобу мардумфиреб мешаванд. Муҳаммадиқболи Садриддин аз покизагӣ ва маснади баланди дини мубини ислом истифода бурда, зери ин ниқоб ба боварии мардум даромада, бо ҳар роҳ аз онҳо маблағҳои зиёди пулӣ ситонидааст. Дар дини ислом чунин омадааст, ки ҳаққи як касро хӯрдан ҳаром аст. Нафарони гумроҳ ва бешарафу мардумфиреб чун Муҳаммадиқболи Садриддин дар сафи ТЭТ ҲНИ хело зиёданд. Пас маълум мешавад, ки мактаби ТЭТ ҲНИ- мактаби бешарафон буда, чунин афрод ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддинро тарбия намудааст.

Қумриниссо Гулмуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg