БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ НОҶАВОНМАРДОНАИ МУҲАММАДИҚБОЛ НОБАХШИДАНИСТ

ВОКУНИШ. Дар тамошои филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ"     тамоми амалҳои ноҷавонмардонаи  Муҳаммадиқболи Садриддин  дида мешавад. Дар филм дида мешавад, ки чигуна Қаландари Садриддин падари Муҳаммадиқболи Садриддин  писарашро, яъне Муҳаммадиқболро зери  амалу  кирдорҳои ғайриинсонӣ мепардозад.

Ин Муҳаммадиқболе, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ дар хориҷ аз кишвар бо кумаки хоҷагони хориҷиаш барои таблиғ намудани он, ки мехоҳад, болои миллати тоҷик  ҷанги шаҳрвандиро барангезанд, доду фиғон дорад, маълум шуд, ки ки ҳаст ва чӣ мехоҳад, маълум аст, ки дар хориҷа қумандон ғуломи замонавиро пайдо намудаасту фармонбардори ӯ мебошад. Чунки ӯ аз даврони кӯдакиаш маззаву лаззати хориҷиҳоро чашидаву ҳатто аз падараш гурехта ба корҳои бадахлоқона машғул шудааст.

Инчунин, дида мешавад, ки Муҳаммадиқбол барои молу пул шуда, мазҳаби муқаддаси худро фурӯхта ба мазҳаби бегона шомил шудааст.

Муҳаммадиқбол, ки худ аз амалу  кирдорҳои ғайриинсонӣ ҳаловат мебарад ва мехоҳад, ки дигар ҷавононро ба ин роҳ равона созад, воқеан ҳам филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ"  инъикоскунандаи    воқеъии ки будани Муҳаммадиқболро  нишон медиҳад ва ҳаргиз  мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол  баъд аз тамошои ин филм аз мақсади Муҳаммадиқбол аз наздик огаҳ шудем ва ба   макру дассисаҳои навбатии Муҳаммадиқболи хориҷидӯстдор гӯш намедиҳем.

Мо ҷавонони сарбаланди ноҳияи Кӯшониён ҳар як амал, ҳар сухан ва кирдори ғайриинсонии ин хориҷидӯстдоронро  ҳамеша маҳкум намуда, ба чунин нафарони дилсиёҳу иғвогар, хиёнаткор ва ифротӣ бовар намекунанд, ба шумоён нафрат мехонанд. Мо ҳеҷ гоҳ хиёнати ин ҳизби террористиро фаромӯш нахоҳем кард.

Ш. Маҳмадализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg