БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ФУРӮШИ НОМУС ТО СИЁСАТ…

ВОКУНИШ. Аз тамошои  филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» қисми 7-ум, ки «Бешарафӣ» номгузорӣ шудааст, сухан дар бораи Муҳаммадиқболи Садриддин меравад, ки ин қаллоб ва бешараф чандин нафаронро ба доми фиреби худ кашида, аз онҳо 430 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ истифода бурдаву то ҳол  маблағи онҳоро бар нагардонидааст. Ин бешараф барои манфиати худ якчанд хонаҳои пурҳашаматро  дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон харидорӣ намуда, ба мардум ҳамчун иҷора додааст, ки ҳамсараш ва писаронаш бошад аз ин хонаҳо иҷорапулии  бедарди миён  ба даст меоранд.

Муҳаммадиқболи Садриддин бисёр як одами пасти лаъин ва беномусу касиф аст, ки аз Аврупо дар курсии мулоим, хонаи гарм ва бо шиками сер нишаста кайфу сафо намуда истода, шахсони ҷабрдидае,ки аз дасти ин хоин зарари моддию молӣ дидаанд, то ҳол интизори онанд, ки маблағҳояшонро ин қаллоб кай бармегардонад. Ӯ дар баромадҳои худ, ки аз шабакаҳои  «Уoutube»  ва «Facebook» суханронии бепояю беасос намуда, дар боби мусалмонӣ ва расму оинҳои мазҳабию динӣ ҳарф мезанаду «Мӯъмин  бародар мӯъмин аст» гуфта, суханбозӣ мекунад, намоиши ин филм чеҳраи аслии ин хоинро назди тамошобинон шинос намуд. Ҳатто собиқ размандаҳои ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом Хаким Қаландаров ва  Раҳим Каримов  тасдиқ мекунанд, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ падари Муҳаммадиқболи Садриддин якҷоя бо ӯ дар он сӯи марз ба корҳои пасту разилона даст зада, аз ҳисоби муҳоҷирону гурезаҳои тоҷик айшу ишрат менамудаанд. Бахусус, ёриҳои байналмилалие, ки ташкилотҳои ёрирасон барои рӯзгузаронии гурезаҳо дастрас карда мешуданд, ин «миллатдӯстҳо» аз қутти лоямуди онҳо ба манфиати шахсии худ истифода мекардаанд.                  

Аз суханрониҳои ҳамсояҳо оилаи Муҳаммадиқболи Садриддин бисёр як оилаи душвортарбия мебошад, ки худи Муҳаммадиқболи Садриддин мактаби миёнаро то синфи панҷ идома дода, баъдан ҳамчун муҳоҷир ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон рафта дар он ҷо дар назди мулло Шариф  чанде таҳсили илми динӣ гирифта, аз дасти мулло Шариф ин бешарафро қумандон Ғулом (бо лақаби тобех) харидорӣ намуда, бо худ мегирад ва  дар он ҷо бо қумандон Ғулом ва якчанд қумондонҳои дигар дар синни 14-15 солагиаш дар роҳи ҳирси молу сарват номусашро мефурӯшад.  Бузургон дар ҳаққи чунин шахсон бамаврид фармудаанд:

             Аспи тозӣ дар тавила гар бубандан пеши хар,

             Рангашон ҳамгун нагардад, таъбашон ҳамгун шавад.

Хулоса, баъд аз тамошои ин филми мустанад мо чунин хулосабарорӣ менамоем, ки ин чеҳраи манфуру ғашин на ягон донишманд ва сиёсатмадор, балки як шахси фассоду танфурӯш буда, кӯшиш ба он дорад, ки сафи ҳаммонанди худро зиёд намуда, болои онҳо бузургманишӣ  кунад.

Асақолов Алиҷон,  сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg