БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚБОЛИ БЕШАРАФ

ВОКУНИШ. Филми мустанади “Бешарафӣ” бори дигар аз гумроҳии Муҳаммадиқболи Садриддин хабар медиҳад. Аз тамошои филми мазкур дарк кардем, ки Муҳаммадиқбол имрӯз бозичаи дасти мухолифин гаштааст, ки худ хабар надорад. Барои ҳар як шахс Ватан муқаддас ва бузургтарин дороӣ мебошад. Замоне Тоҷикистони азиз барои М. Садриддин Ватан буд, аммо мутаассифона, ӯ ин бузургтарин дороиро аз даст додааст. Баъди намоиши филми мустанади “Бешарафӣ” мардум фаҳмиданд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин кӣ аст ва барои киҳо кор мекунад. Бо дурӯғу найрангҳои худ ба боварии чандин нафар даромада, маблағҳои онҳоро гирифтааст. Имрӯз аз корҳои баде, ки кардааст, шарм надошта, боз тариқи шабакаҳои интернетӣ суханронӣ мекунад. Ӯ бо ҳаммаслакони худ чандин ҷавони гумроҳро шомили давлатҳои исломии Сурияву Ироқ кардаанд, ки аксарияти онҳо дигар барнагаштаанд. Хонаводаҳои онҳоро низ дар Тоҷикистон ба ғаму андуҳ гирифтор карданд. Филми мустанади “Бешарафӣ” бори дигар собит сохт, ки маҳз чунин нафарон солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари азизамон-Тоҷикистон ҷанги хунини бародаркуширо ташкил карданд. Хуни даҳҳо нафар бегуноҳон аз дасти ин қотилон рехта шуд. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки то ҳол Муҳаммадиқболи Садриддин ва аъзои дигари онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба кишвари мо санги маломат мезананд, мақсаду ғаразҳои нопок доранд. Мехоҳанд, кишвари соҳибистиқлоли моро ноором созанд. Аммо мардум, хусусан ҷавонони ҳушёру зираки мо дигар ба суханони дурӯғини он хоинони миллат бовар намекунанд. Имрӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хубу созгор барои кору таҳсили ҷавонону наврасон фароҳам оварда шудааст, ки ҷавонон бо сарбаландиву ҳувияти миллӣ пайи омӯзиш қарор доранд. Бо сарбаландӣ ва боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони мо созанда ҳастанд ва барои рушду тараққиёти ин сарзамин, ки номаш Тоҷикистон аст, ҷони худро фидо мекунанд.

Нурулло Амонов, сокини шаҳри Бохтар

                                                                                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg