БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОНИ ДУЗДУ ҒАР ДАРОЗ

ВОКУНИШ. Баромад ва суханпардозиҳои Муҳаммадиқболи Садриддинро аз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ зиёд шунидаам. Доиман дар пайи шиква аст. Такрор ба такрор шикоят мекунад, ки “дар Тоҷикистон ободӣ нест”, “пешравӣ нест” ва ҳоказо.

Фармудаи бузургон аст, ки “инсони ношукр бевиҷдону беимон аст, набояд ба ӯ эътимод баст”. Ё ин ки матлаберо аз нашрия мутолиа кардам, ки атрофи кору зиндагии як нобино таҳия шуда буд. Ӯ шукргузор аст аз ободиву пешрафти Тоҷикистон, ки дар як муддати кӯтоҳ чи гуна Ватан обод шудааст. Хизматҳои Роҳбари давлати тоҷиконро ёдрас мешавад. Аз бунёди боғҳову роҳҳо ва даҳҳо иншооти дигар нақл мекунад. 

Худ ба  худ  андешидам. Нобиное, ки боре дунёро надидааст, ин ҳама пешравиҳоро дарк ва эҳсос мекунад, аммо чаро баъзеҳо чашми бино доранд, ин қадар кӯркӯрона рафтор месохта бошанд.

Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ”-ро тамошо кардему гуфтаҳои Ҳофизи Шеърозӣ  ба ёдам омад:

                       Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

                       Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

 Устухони Муҳаммадиқбол бо хӯрдани меваи ҳизби террористии наҳзат  шах шудааст. Тероризм аз худ ҳамин гуна натиҷа ба бор меорад. Доиман дар фикри табаддулоти  давлатӣ, гирдиҳамоӣ. Ҳамеша дар суханпардозиҳояш як ибораро тӯтивор ба такрор мегӯяд, ки “Биёед, мехезем!”. Ӯ парвои оқибати чунин кирдорҳоро надорад. Ҳайронем, ки чаро аз воқеаҳои солҳои навадум, аз оқибатҳои ҷанги таҳмилӣ сабақ наомӯхта бошад. Охир ӯ дар наврасӣ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон гуреза будааст. Тавре ки аз филм бохабар шудем, талхиҳои он рӯзро хеле зиёд чашидааст.

Ростӣ, ҳолатҳое, ки аз ин филм шунидем, дар ҳайрат мондем.  Мегӯянд, ки “Забони дузду ғар дароз” ва ин гуфтаҳо беҳуда набудаанд.

Назарзода Сафар, сокини шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg