БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҲАММАДИҚБОЛИ БЕИҚБОЛ

ВОКУНИШ. Мо тоҷикон солҳои оғози давлатсозии навини хешро таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарёд дорем ва имрӯз ҳамагон шоҳидем, ки ба чи дастовардҳои назаррасе ноил гардидем.

Аммо, дар ин давра иддае аз нотавонбиноне ҳастанд, ки тамоми дастоварди давлату милати тоҷикро нодида гирифта, ба пешравии Тоҷикистон ҳасад мебаранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳизби террористиву экстремистии фаъолияташ дар кишвар мамнӯи наҳзати ислом бо роҳбарии палиди ватанфурӯш Кабирӣ ва шогирдонаш аз ҷумлаи онҳо мебошанд. ТТЭ ҲИН ҳеҷ гоҳ тарафдори сулҳу осоиши кишвар набуд ва нест.

Шогирди Муҳиддин Кабирӣ, мардумфреби ашадӣ ва инсони бешараф Муҳаммадиқболи Садриддин, ки амалу кирдорҳояш дар филми “Бешарафӣ” намоиш дода шуд, баъало гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунад.  Фирефтаи Кабирӣ гардида аз хориҷа ҷониби давлати тоҷикон санг мепартояд. Сагбачаҳояш бо супориши хоҷагони хориҷиашон қариб ҳамарӯза тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ вабаста ба низоми сиёсии кишвар, сулҳу ваҳдати миллӣ, роҳбарияти олии мамлакат нуқтаи назари муғризонаю беасоси худро, ки пур аз дурӯғу бофтаҳои хаёлпечанд, иброз медоранд, ки мо чунин афкору ақидаи ӯро ҳеҷ гоҳ намепазирем.

Ватанфурӯшони миллат мунтазам дар ҳар мусоҳибаву суҳбатҳояшон бо рӯзноманигорон ва суҳбатҳояш бо дигар афрод иброз медоранд, ки онҳо бо ҳар роҳу восита муборизаи сиёсиашонро ба муқобили давлату ҳукумати Тоҷикистон идома хоҳанд дода ва мардуми Тоҷикистон гӯё ки онҳоро қабул мекарда бошанд. Чи фикру ақидаи хоме.

Мардуми шарафманди ТОҶИК ҳеч гоҳ дигар шумо барин ватанфурӯш ва палидонро ҳатто ба ҳайси як хизматгори пасттарин қабул намекунад. Мо ин кирдорҳои разилонаи шуморо ҳазорсолаҳо фаромӯш нахоҳем кард. Агар ҳамаи он корҳои разилони ТТЭ ҲИН таҳти роҳбарии Кабириву таблиғгараш Муҳаммадиқболи бешарафро дар инҷо биёрем як достони калон хоҳад шуд. Вале намехоҳам, ки хотири худу ҳамватанони азизамон ба он рӯзҳои даҳшат парешон созам, зеро ягон нафари Тоҷикистонӣ аз он рӯзҳо хотироти хубе надоранд.

Сайёра Ҳусейнова, мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg