БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕШАРАФИИ МУҲАММАДИҚБОЛ ОШКОР ГАРДИД

ВОКУНИШ. Дирӯз тавассути шабакаҳои телевизионии мамлакат филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисми 7 таҳти бо номи “Бешарафӣ” намоиш дода шуд. Ин навбат филми мазкур пурра ба кору амалҳои Муҳаммадиқболи Садриддин ва оилаи ӯ бахшида шуда буд. Дар филми мазкур пурра кору амалҳои разилона ва аз қолаби одамгариву инсоният беруни мулло Қаландар падари Муҳаммадиқболи Садриддин намоиш дода шуд. Аз гуфтаҳои шоҳидони ҳол маъмул шуд, ки оилаи онҳо дар маҳаллае, ки онҳо истиқомат мекардаанд, миёни сокинони маҳалла обрӯву эътибор надоштаанд. Ба ин нигоҳ накарда оилаи мулло  Қаландар мардуми маҳалларо бо истифода аз гӯё доштани саводи динӣ доштанаш ба бовариашон даромада, худро шахси зиёиву тақводор нишон медодаанд. Он ҳама амалу кирдорҳои бешарафонае, ки дар филм намоиш дода шуд, бори дигар исбот намуд, ки пайравони ТЭТ ҲНИ аз аввали таъсисёбӣ ҳеҷгоҳ дар фикри одаму одамгарӣ, дар ғами мардум, дар фикри миллату давлат набуданд ва нестанд. Тааҷубовар аст, ки дар ягон ҷо кор накарда, оилаи онҳо дар шаҳри Бохтар соҳиби чанд хонаву дар будаанд. Пас аз ин ҷо маълум мешавад, ки даромади онҳо аз куҷост? Аз ҳисоби маблағҳои хоҷагони хориҷиашон албатта.

Аз ин ҷо метавон хулоса намуд, ки ҳайвони ваҳшие, ки одамизод онро гирифта ром кардаву аз хурдиаш бо як меҳрубонӣ калонаш мекунад, ҳеҷ гоҳ ба инсон дӯст намешавад. Зеро он чизе, ки табиат - дарандагӣ ва хунхӯрӣ ба худ кашида рӯзе не рӯзе ба инсон дар меафтаду захмӣ мекунад ё ба ҳалокаташ мерасонад.

Яъне, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ин қадар даҳшату ваҳшатҳое, ки роҳбарият ва аъзои собиқ ҲНИ ба сари миллати тоҷик дар солҳои 90-уми асри 20 оварда буданд, афвашон намуд. Онҳоро мебоист, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлкат дар кишвари орому осуда умр ба сар мебурданд. Аммо, сад афсӯс, ки онҳо инро дарк накарданду боз ба ҳамон амалҳои қатлу куштор ва ноҷавонмардонаи худ даст зада, мехостанд, ки оромиву осудагии давлати тоҷиконро  халалдор созанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дигар он мардуми пешин нестанд. Тоҷикистони имрӯз ҳамқадами замон аст. Худиро аз бегона, хубро аз бад, хоинро аз қаҳрамон ҷудо карда метавонад. Мо дигар ба он шайтонҳои асолатбохтагони террористу ифротгароён бовар надорем. Бас кунед, дар хориҷа нишаста, ба мо мардуми тоҷик тарзи зисту зиндагӣ, демократия ва озодиро нишон доданро. Мо роҳи худро кайҳо боз  интихоб кардаем.

ТОЛИБЗОДА Толиб, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg